Табрикоти ректори Консерваторияи миллии бахшида ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Tue, 08/09/2026 - 16:30
By admin
Давлатзода Баҳодур

Омӯзгорони арҷманд, донишҷӯёни азиз ва ҳамватанони гиромӣ!

Аз номи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» ҳамаи шуморо ба муносибати муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти дил самимона муборакбод мегӯям!

Истиқлоли давлатӣ бароямон рамзи олии соҳибихтиёрӣ, сарчашмаи ифтихори миллӣ ва пойдевори рушди ҳамаҷонибаи кишвар мебошад. Маҳз дар сояи сиёсати фарҳангпарварона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу санъати мусиқии касбии тоҷик ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз баланд мегардад.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон худ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, таърихи ташаккул ва рушди он бо солҳои бунёдкориву созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол пайванди ногусастанӣ дорад. Дар тули ин солҳо муассиса ба яке аз марказҳои муҳимми таҳсил, тарбия, эҷод ва таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи санъати мусиқии касбии тоҷик табдил ёфта, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, ҳифзу рушди мероси мусиқии миллӣ ва муаррифии фарҳанги мусиқии тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар нақши муҳим гузоштааст. Имрӯз метавон бо ифтихор таъкид намуд, ки дастовардҳои Консерваторияи миллӣ ҷузъи муҳимми дастовардҳои фарҳангии даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳамчун кохи баланди санъати мусиқии мамлакат дар раванди тарбияи мутахассисони соҳибмаълумоту ватандӯст, рушди таҳқиқоти илмӣ-мусиқишиносӣ ва ҳифзи мероси бойи фарҳангии халқамон саҳми арзанда мегузорад. Афзоиши шумораи донишҷӯёну муҳаққиқон, фаъолияти муваффақи Шурои муштараки диссертатсионӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, дастовардҳои чашмраси донишҷӯёну омӯзгорони мо дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва густариши робитаҳои хориҷӣ гувоҳи равшани парвози эҷодии муассиса дар даврони Истиқлол мебошанд.

Итминон дорам, ки ҳайати устодону донишҷӯёни Консерватория минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, маҳорати касбӣ ва илҳоми эҷодӣ барои рушди фарҳанги миллӣ ва муаррифии сазовори Тоҷикистони азиз дар сатҳи ҷаҳонӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ хоҳанд дод.

Ба ҳамаи шумо, аҳли санъату маориф ва ҳамватанони азиз, тансиҳатӣ, хонаободӣ, файзу баракат ва дар роҳи хидмат ба Ватани маҳбубамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол муваффақиятҳои нави эҷодиву касбӣ таманно дорам!

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!