Ғолибони номинаи «Фортепиано» муайян шуданд
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи озмунӣ дар номинаи «Фортепиано» дар доираи XX-умин Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷамъбаст гардид.
Пас аз ҳунарнамоии иштирокчиён ва баҳогузории ҳайати ҳакамони байналмилалӣ, беҳтарин пианинанавозони ҷавон дар ду гурӯҳи синну солӣ муайян шуданд.
Дар гурӯҳи наврасони 14–17-сола:
Ҷойи аввал — Азаматалӣ Айтори (Қазоқистон);
Ҷойи дуюм — Брател Антонина (Россия);
Ҷойи сеюм — Шегай Ксения (Ӯзбекистон).
Дар гурӯҳи 18–25-сола бошад, натиҷаҳо чунин ҷамъбаст шуданд:
Ҷойи аввал — Барсегян Гор (Арманистон);
Ҷойи дуюм — Паленко Анна (Беларус);
Ҷойи сеюм — Набиев Сардор (Ӯзбекистон).
Ҳамин тариқ, марҳилаи озмунӣ дар номинаи «Фортепиано» бо муайян гардидани ғолибон ва ҷоизадорон ба анҷом расид. Иштироки намояндагони кишварҳои гуногуни ИДМ дар ин номина ба барномаи Бозиҳои Делфӣ мазмуни рангини эҷодӣ бахшида, имкони муқоисаи мактабҳо ва равияҳои гуногуни иҷрои фортепианоиро фароҳам овард.
