Иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар фестивали «Фалаксароён»
Роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар барномаи консертии фестивали ҷумҳуриявии «Фалаксароён» таҳти унвони «Садои дил — 2026», ки бахшида ба "Рӯзи фалак" дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии фестивал арҷгузорӣ ба санъати Фалак, муаррифии имкониятҳои ғании ҳунарии он, ҳифзу гиромидошти анъанаҳои мусиқии суннатии тоҷик ва таҳкими мақоми он дар фарҳанги миллӣ мебошад. Дар чорабинии фарҳангӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҳунармандон, собиқадорони соҳаи фарҳанг ва мутрибон иштирок доштанд. Барномаи консертӣ бо иштироки фалаксароёни кишвар баргузор гардида, ҳунармандон маҳорати баланди иҷрокунандагӣ ва зебоии ин навъи нодири мусиқии суннатии тоҷикро ба намоиш гузоштанд. Дар доираи барномаи консертӣ дар канори фалаксароёни кишвар магистрантони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов — Юсуфзода Абдунабӣ ва Сангов
Суннаттуло низ ҳунарнамоӣ карда, маҳорати волои худро ба намоиш гузоштанд.
Иштироки роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар чунин чорабиниҳои фарҳангӣ бозгӯи таваҷҷуҳи хос ба ҳифзу рушди мероси мусиқии миллӣ ва идомаи анъанаҳои арзишманди ҳунарӣ мебошад. Консерваторияи миллӣ ҳамчун муассисаи олии мусиқӣ дар тарбияи мутахассисони соҳибкасб, омода намудани насли нави ҳунармандон ва муаррифии мусиқии суннатии тоҷик саҳми арзанда гузошта, барои пойдории анъанаҳои устод-шогирд ва рушди санъати фалак заминаи мусоид фароҳам меорад.
