Шоми фалакхонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи фалак
12 октябри соли 2026 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Консерваторияи миллӣ барномаи консертии «Шоми фалакхонӣ» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи фалак баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи гиромидошти яке аз жанрҳои асили мусиқии суннатии тоҷик - Фалак, тарғиби мероси ғании мусиқии миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои деринаи ҳунарии халқи тоҷик доир шуд.
Дар оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар суханронӣ намуда, устодону донишҷӯён ва фалаксароёни Консерваторияи миллиро ба муносибати Рӯзи фалак табрик гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Фалак яке аз падидаҳои нодири фарҳанги мусиқии тоҷик буда, дар тули садсолаҳо ҳамчун воситаи ифодаи эҳсосоти инсонӣ, орзуву ормонҳо, дарду ҳасрат ва умеду орзуҳои мардум ташаккул ёфтааст. Ин жанри мусиқии суннатӣ таъриху фарҳанг, андешаву эҳсосот ва таҷрибаи маънавии наслҳои гуногунро дар худ таҷассум намуда, ҳамчун ҷузъи муҳимми ҳувияти миллӣ ва мероси фарҳангии халқи тоҷик эътироф гардидааст.
Сипас, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат, меҳмононро ба ин боргоҳи илму ҳунар хайрамақдам гуфта, устодону донишҷӯён ва аҳли ҳунарро ба муносибати Рӯзи фалак табрик намуд. Ӯ зимни суханронӣ иброз дошт, ки санъати фалакхонӣ аз қалби мардум сарчашма гирифта, бо оҳангҳои муассир, лаҳни хос ва мазмунҳои амиқи фалсафию иҷтимоӣ фарқ мекунад. Фалак на танҳо воситаи ифодаи ҳунарӣ, балки оинаи зиндагӣ, тафаккур, эҳсосот ва ҷаҳони маънавии мардум буда, дар ҳифзу таҳкими худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳо нақши муҳим дорад. Таъкид гардид, ки омӯзиш, ҳифз ва рушди ин мероси гаронбаҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои идомаи анъанаҳои устод-шогирд аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми муассисаҳои фарҳангиву ҳунарӣ ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ ба дастовардҳои илмӣ ва ҳунарии омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба Каримзода Саъдулло Салим дипломи номзади илм, ки ба тозагӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, супорида шуд. Ин рӯйдод нишони қадршиносӣ аз заҳматҳои илмӣ ва саҳми ӯ дар омӯзишу таҳқиқи мусиқии суннатии тоҷик, хоса жанри Фалак арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, донишҷӯёну магистрантони Консерваторияи миллӣ, ки дар Бистумин бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, аз ҷониби роҳбарияти муассиса бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Ин иқдом баёнгари таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Консерватория ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон, ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои онҳо дар арсаи ҳунар мебошад.
Бахши асосии барномаи консертиро ҳунарнамоии фалаксароён ташкил дода, садои Фалак бо оҳангҳои ҷаззобу муассир ва мазмунҳои пурғановати худ фазои чорабиниро фаро гирифт. Иҷрои сурудҳои фалакӣ ҳозиринро ба олами маънавии мусиқии суннатии тоҷик раҳнамун сохта, аз пайванди ногусастании ин ҳунари куҳан бо зиндагӣ, таърих ва ҷаҳонбинии мардум дарак дод.
Ин нуктаро махсус бояд таъкид намуд, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун ягона муассисаи олии таълими касбии мусиқӣ дар кишвар дар масъалаи ҳифз, омӯзиш, эҳё ва рушди анъанаҳои асили мусиқии тоҷик, бахусус санъати Фалак ва Шашмақом, ки дар шароити соҳибистиқлолии кишвар соҳиби рӯзҳои махсуси таҷлил гардидаанд, нақши муҳим дорад. Бо мақсади гиромидошти ин мероси гаронбаҳои миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва идомаи суннатҳои устод-шогирд Консерваторияи миллӣ ҳар сол ба муносибати Рӯзи фалак ва Рӯзи Шашмақом барномаҳои махсуси консертӣ баргузор менамояд. Ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи хос ба ҳифзу рушди мусиқии суннатӣ ва тарбияи насли нави ҳунармандон дар руҳияи эҳтиром ба мероси мусиқии ниёгон мебошанд.
Барномаи консертӣ аз силсилаҳои фалаки ғарибӣ ва фалак-мадҳия иборат буд, ки бо роҳбарии номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Каримзода Саъдулло Салим омода гардидааст. Дар бахши «Силсилаи фалаки ғарибӣ» сурудҳои «Шаҳди ғарибӣ», «Равонаи ғарибӣ», «Шикастаи ғарибӣ», «Рафти ғарибӣ» ва «Уфари ғарибӣ» бар ғазалҳои Абдураҳмони Ҷомӣ бо роҳбарии омӯзгори калон Мануҷеҳр Бурҳонов ва дар бахши «Силсилаи фалак-мадҳия» асарҳои «Зилобам», «Пасту баланд», «Ҳайдарӣ» ва «Ситоиш» бар ғазалҳои Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин рубоиёти халқӣ бо роҳбарии омӯзгори калон Қодир Лутфишоев иҷро гардиданд. Барномаи мазкур бо иштироки сарояндагон ва навозандагони Консерваторияи миллӣ пешниҳод шуда, намунаҳои асили фалакро дар шаклҳои гуногуни иҷрокунандагӣ фаро гирифт.
Дар маҷмуъ, «Шоми фалакхонӣ» ба василаи муҳимми гиромидошти мероси мусиқии ниёгон, тарғиби санъати асили тоҷик ва дастгирии насли ҷавони ҳунарманд табдил ёфт. Баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани завқи эстетикии ҷавонон ва идомаи суннатҳои арзишманди мусиқии тоҷик саҳми назаррас мегузорад. Барномаи фарҳангии «Шоми фалакхонӣ» идома ёфта, пагоҳ (13-уми октябр, соати 15:00) бахши овозии он манзури ҳозирин гардонида мешавад.
Гузориши Лутфулло Шарифзода
