Таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ
Дар доираи сафари корӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз Донишкадаи санъати эстрадаи миллии ба номи Ботир Зокиров боздид намуда, бо ҳайати роҳбарикунандаи муассиса вохӯрии судманд баргузор кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи санъат, табодули таҷрибаи касбӣ, рушди робитаҳои таълимию эҷодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни муассисаҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, рушди иқтидори касбии омӯзгорону донишҷӯён ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимию эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
