Иштирок ва суханронии ректори Консерваторияи миллии дар конфронси байналмилалӣ

Posted Wed, 28/10/2026 - 17:30
By admin
Давлатзода Баҳодур

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат дар конфронси байналмилалӣ, ки дар Донишкадаи санъати мусиқии миллии Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ ӯ ба аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ, омӯзишу ҳифзи мероси мусиқии суннатӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ҳамчунин, нақши муассисаҳои таҳсилоти олии мусиқиро дар тарбияи мутахассисони соҳибкасб, идомаи анъанаҳои миллӣ ва рушди таҳқиқоти мусиқишиносӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Иштирок дар ин ҳамоиши байналмилалӣ барои табодули таҷрибаи касбӣ, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои соҳавӣ ва муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкориҳои таълимию илмӣ заминаи мусоид фароҳам овард.