Қабули меҳмонони хориҷӣ дар Консерваторияи миллӣ

Posted Sat, 28/11/2026 - 15:28
By admin
Борбади Марвазӣ

28 ноябри соли 2026 дар доираи баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба бузургдошти Борбади Марвазӣ роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов меҳмонони олиқадри хориҷӣ — доктор Мун Хён Сун, президенти фахрии Донишкадаи байналмилалии мусиқии ҷаҳон дар назди ЮНЕСКО ва Маргарет Дешено, муассис ва директори Донишкадаи байналмилалии мусиқии ҷаҳонро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот меҳмонон бо ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов суҳбати самимӣ ва созанда анҷом дода, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мусиқӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва ҳунарӣ, густариши робитаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии мусиқӣ ва муаррифии мероси мусиқии тоҷикро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, доир ба имкониятҳои таҳкими робитаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки фарҳангиву илмӣ табодули назар сурат гирифт.

Дар идомаи боздид донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ барои меҳмонон барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод намуданд. Дар он намунаҳои баргузидаи мусиқии суннатии тоҷик, аз ҷумла Фалак, Шашмақом ва оҳангҳои миллиро бо маҳорати баланди иҷрокунандагӣ манзури ҳозирин гардониданд. Меҳмонон ба ҳунари донишҷӯён ва ғановати мероси мусиқии тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз сатҳи омодагии ҳунарии онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Чунин мулоқоту боздидҳо дар таҳкими робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ, муаррифии имкониятҳои эҷодию таълимии Консерватория ва тарғиби мероси мусиқии миллии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим доранд.