Кафедраи композитсия ва созбандӣ

Кафедраи композитсия ва созбандӣ

Кафедраи композитсия ва созбандии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов яке аз воҳидҳои асосии таълимӣ ва эҷодии муассиса ба шумор меравад. Кафедра дар заминаи кафедраи композитсия, созбандӣ ва хониши партитураи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфта, аз соли 2003 фаъолияти мустақилонаи худро дар сохтори Консерватория оғоз намудааст.

Кафедраи композитсия ва созбандӣ

Роҳбарияти кафедра дар солҳои гуногун:

Дар давраҳои мухталиф вазифаи мудири кафедраро устодони зерин ба ӯҳда доштанд:

  • 2003–2004 – Давлатов Маҳмадқул
  • 2004–2009 – Заррина Миршакар
  • 2009–2012 – Лола Толис
  • 2013–2015 – Шуҳрат Ашуров
  • 2015–2016 – Ҳомидзода Сангалӣ
  • 2016–2023 – Ҳикматзода Қудратулло
  • Аз соли 2023 то ҳол – Убайдзода Бахтиёр Аҳрорӣ

Ҳайати аввалини омӯзгорон:

Аз ҷумлаи нахустин устодоне, ки фаъолияти илмӣ-таълимии кафедраро роҳандозӣ намуданд, инҳо буданд:

  • Абдуфаттоҳ Одинаев – профессор
  • Талабхӯҷа Сатторов – профессор
  • Заррина Миршакар – дотсент
  • Пулодӣ Лола Толис – дотсент
  • Аъзам Солиев – дотсент
  • Ҳикматов Қудратулло – дотсент

Самтҳои асосии фаъолият:

Фаъолияти кафедра дар ду самти асосӣ ба роҳ монда шудааст:

  1. Омода намудани композиторони соҳибистеъдод ва баландихтисос.
  2. Таъмини раванди таълим дар сохторҳои гуногуни Консерватория.

Фанҳои таълимӣ:

Кафедра таълими фанҳои зеринро амалӣ менамояд:

  • Композиторӣ
  • Созшиносӣ
  • Созбандӣ
  • Хониши партитура (оркестри симфонӣ ва оркестри созҳои халқӣ)
  • Методикаи таълими композиторӣ
  • Мусиқии компютерӣ ва электронӣ
  • Асосҳои хорнависӣ
  • Таърихи сабкҳои оркестрӣ

Ҳамзамон, кафедра таълими фанҳои тахассусиро дар факултаҳои иҷрокунандагӣ ва санъати мусиқии эстрадӣ низ таъмин менамояд.

Ҳайати омӯзгорон (айни замон):

Дар кафедраи композитсия ва созбандӣ имрӯз омӯзгорони зерин фаъолият доранд:

  • Яҳёзода Қудратулло – профессор
  • Заррина Миршакар – иҷрокунандаи вазифаи профессор
  • Ҳикматзода Қудратулло – иҷрокунандаи вазифаи профессор
  • Убайдзода Бахтиёр – иҷрокунандаи вазифаи дотсент
  • Ҳомидзода Сангалӣ – омӯзгори калон
  • Раҳимӣ Зафар – омӯзгор

Мудири кафедра Убайдзода Бахтиёр Аҳрорӣ

Убайдзода Бахтиёр Аҳрорӣ

Солҳои 2021-2024 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, шуъбаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)  таҳсил намудааст.

Аз аз 01.09.2023 ба ҳайси мудири кафедраи композитсия ва созбандӣ фаъолият мекунад.

Убайдзода Бахтиёр Аҳрорӣ композитор ва пианинонавоз, барандаи ҷоизаи якуми Озмуни  ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» (2019), барандаи ҷоизаи дуюми Озмуни  ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» (2020), барандаи ҷоизаи дуюми Озмуни байналмилалии «Пакрова на Неве 2020», барандаи ҷоизаи якуми Озмуни байналмилалии композиторони ҷавон ба номи С.С. Прокофиев (2021), барандаи ҷоизаи якуми Озмуни байналмилалии мусиқачиён «Grand music art» (2022).

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маълумот барои тамос:
+992 917-406-046

Email: ahrorb93@mail.ru