
Кафедраи мутрибони анъанавӣ аз соли 2003, бо таъсисёбии Консерватоиияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун кафедраи мустақил амал мекунад ва аввалин мудири он аз соли 2003 то 2007 Қурбони Қурбониён буд. Солҳои 2007-2008 Абдурашидов Абдувалӣ мудирии кафедраро ба зимма дошт. Аз соли 2008 то соли 2013 Қурбони Қурбониён мудири кафедраи мутрибони анъанавӣ буд. Аз моҳи сентябри соли 2013 то соли 2015 Маҳмудӣ Аброр Додохонзод ҳамчун мудири кафедра фаъолият кардааст. Солҳои 2015-2020 Зиёев Муҳаммад, солҳои 2020-2022 Раҷабов Насим, солҳои 2022-2023 Лутфишоев Қодир мудирии кафедраро ба зимма доштаанд. Аз соли 2023 то ҳол Давлатов Қурбон Наврӯзович ба ҳайси мудири кафедраи мутрибони анъанавӣ фаъолият карда истодааст.

Дар давраи тӯлонии фаъолияти кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯени кафедра дар чандин консерт ва чорабиниҳои сатҳи гуногун, озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва фестивалҳо ширкат варзидаанд. Масалан, дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Париж, Боку, Алма-ато, дар кишварҳои Амрико, Эрон, Ӯзбекистон ҳамчунин дар фестивалҳои байналмилалии “Фалак”, “Шашмақом” ва ғайраҳо.
Устодону омӯзгорон ва шогирдони кафедра пайваста дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он дар чорабиниҳои сатҳи гуногун бо консертҳо баромад мекунанд, ҳамчунин дар ҳайати кории ҳакамони озмунҳо шомил мешаванд. Унвонҳои баланди лауреатӣ ва пирӯзӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сатҳи баланди касбии омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраро тасдиқ мекунанд. Дар даҳсолаи охир фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмии омӯзгорони кафедра фаъол шуд. Омӯзгорони кафедра ҳамчунин муаллифони китобу дастурҳои таълимӣ низ мебошанд. Инро дастурҳои таълимӣ, методӣ, ва маҷмӯаю мақолаҳои илмӣ гувоҳӣ медиҳанд, аз ҷумла, Одиназода С., Дастури таълими омӯзиши сози таблак, “Дурдона”, китоби Ҷӯраев С., “Нақши сози думбра дар мусиқии суннатӣ, китоби Қурбони Қурбониён ва ғайраҳо.
Имрӯзҳо кафедраи мутрибони анъанавӣ аз як ҳайати баландихтисоси устодону омӯзгороне иборат мебошад, ки қодир аст бо замон ҳамқадам бошад, вазифаҳои дар пеши худ гузоштаашро баҳри рушду равнақи мусиқии асили тоҷик амалӣ намояд, ба хотири баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии донишҷӯён муҳити мусоид эҷод кунад. Омӯзгорони кафедра ҳамарӯза кӯшиш менамоянд, ки шогирдони соҳибкасб, босалоҳият, саводноку дорои малакаҳои амалии навозиши мусиқии суннатиро тарбия намуда, дар замири шогирдони хуб ҷаҳонбинии васеи санъати иҷрокунандагиро ба эҳё ва рушд намоянд.
Аз замони таъсисёбии Консерваторияи миллӣ кафедраи мутрибони анъанавӣ як қатор мутахассисони варзидаеро тарбия намудааст, ки айни ҳол дар дохил ва хориҷи кишвар ба фаъолияти касбӣ машғуланд. Аз ҷумла: Давлатов Қ.Н., Зиёзода М.Б., Ҷамшед Э., Орипов С., Раҷабов Н., Қурбонмадов К., Сафаров Н., Ҳошимов Н., Ҷумаев Н., Кобулов М., Бобоев Б., Раҳимов А., Фозилов Ғ. ва дигарон.
Мудири кафедраи мутрибони анъанавӣ: Давлатов Қурбон Наврӯзович

