Кафедраи сарояндагии академӣ ва дирижёри хор

Кафедраи сарояндагии академӣ

Кафедра таърихи тӯлонӣ дошта, дар он ҳунармандони барҷастаи кишвар Ҳанифа Мавлонова, Аҳмад Бобокулов, Туҳфа Фозилова, Лутфӣ Кабирова, Зебо Аминова, Бурҳон Маҳмадкулов, Оят Сабзалиева, Низом Ҳамробоев, Шамсӣ Низомов, Ибодулло Абдуллоев ва дигарон ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудаанд.

Холо шогирдони онҳо, ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Миралӣ Достизода, Акбар Мирраҷабов, Адҳам Холиқов, Содиқ Нуруллоев анъанаҳои кафедраро шарафмандона идома дода истодаанд.

Тайи даҳ соли охир насли нави сарояндагони академӣ ва омӯзгорони ҷавон пайдо шуданд, ки нуфузи кафедраро баланд бардоштанд. Аз ҷумла онҳо: Мунзифа Исоева, Раҳмонов Манучеҳр, Курбонмурод Зокиров ва дигарон мебошанд.

Кафедраи сарояндагии академӣ

Шогирдони кафедра дар тамоми чорабиниҳои дохилии Консерваторияи миллӣ ва берун аз он фаъолона ширкат меварзанд. Қобили қайд аст, ки 70% хатмкунандагон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, инчунин дар Консерваторияи миллӣ, аз ҷумла кафедраи сарояндагии академӣ фаъолият доранд.

Бахши дигари кафедраро омода намудани дирижёрони хор ташкил медиҳад. Дар ин кор саҳми устодон Т. Ш. Соибов, Қ. Саидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Х. Маҷидов махсус қайд карда мешавад.


Мудири кафедра Нуруллоев Содиқ Холович

Нуруллоев Содиқ Холович

  • Солҳои 1986-1991 дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намудаааст.
  • Аз аз 01.09.2020 ба ҳайси мудири кафедраи Сарояндагии академӣ ва дирижёри хор фаъолият мекунад.
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998).
  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024).
  • Дорандаи медали “Хизмати шоиста”.
  • Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011).

Маълумот барои тамос: (+992)902-525-168


Маматқулова Бибитош Пардалиевна

Лаборанти кафедра

Маълумот барои тамос: (+992)930-807-555