Кафедраи созҳои халқӣ

Кафедраи созҳои халқӣ

Заминаи таъсиси кафедраи созҳои халқии Консерваторияи миллӣ аз кафедраи созҳои халқии факултети иҷрокунандагии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода асос гирифта, имрӯз яке аз кафедраҳои факултети иҷрокунандагии Консерваторияи миллӣ маҳсуб меёбад. Яке аз шахсиятҳое, ки дар рушди нумӯи кафедра саҳм гирифтааст, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Ҷӯрахон Обидпур мебошад. Дар давоми 20 соли мавҷудияти Консерваторияи миллӣ роҳбарии ин кафедраро якчанд омӯзгорони пуртаҷриба, аз қабили Н. Каримов, А. Мӯсозода, А. Махтолов ба уҳда доштанд. Ҳоло роҳбарии мудири кафедраро Раҳмонова Гулбону Асадуллоевна ба зимма дорад.

Кафедраи созҳои халқӣ

Устодон ва шогирдони кафедра лауреатҳои озмуни ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқӣ (2006) ва дигар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмилалии навозандагони созҳои миллӣ ва шогирдони шуъба лауреати озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», дорандагони медалҳои бозиҳои «Делфӣ» дар Тоҷикистон мебошанд. Дар байни омӯзгороне, ки солҳои охир ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гаштаанд, Сатторзода Ҷонибек (2020), Лутфуллои Раҳматулло (2022) мебошанд.

Дар назди кафедра оркестр ва ансамбли созҳои халқӣ амал мекунад.
Дар кафедра ду ҳунарпешаи халқӣ, и.в. профессорон Қ. Ёқубов, А. Мӯсозода, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, профессор Қурбонйён Қурбон, ду дотсент М. Давлатов, Давлатзода Б.Д., и.в. дотсентон А. Махлолов, А. Маҳмудӣ фаъолият доранд. Онҳо барои созҳои халқии тоҷикӣ барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, методӣ, маҷмӯаҳои нотавӣ таҳия ва ба нашр расонидаанд.
Хатмкардагоне, ки шуъбаи созҳои халқиро бомуваффақият хатм кардаанд, ифтихори кафедра мебошанд. Давлатзода Б.Д., З. Аҳмадзода З.Ш., Оринова У.Н., Н. Абдулазиз, С. Саидов, Л. Раҳматулло, Г. Раҳмонова, Д. Салимов, Д. Камол ва дигарон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Агар ба фаъолияти ҳунарии композиторон назар афканем, тақрибан 80%-и онҳо хатмкардагони шуъбаи созҳои халқӣ мебошанд.


Мудири кафедра: Раҳмонова Гулбону Асадуллоевна

Раҳмонова Гулбону Асадуллоевна

  • Солҳои 2020-2023 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ихтисоси мусиқишиносӣ таҳсил намудааст.
  • Аз моҳи январи 2024 ба ҳайси мудири кафедраи созҳои халқӣ фаъолият мекунад.

Маълумот барои тамос:

Телефон: (+992) 904-305-151


Лаборанти кафедра: Назарова Дилноза Қиёмиддинова

  • Солҳои 2021-2025 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ихтисоси дутори алт таҳсил намудааст.
  • Аз сентябри соли 2025 то имрӯз ба ҳайси лаборанти кафедра фаъолият мекунад.