Кафедраи забонҳо

Кафедраи забонҳо

Кафедраи забонҳо аз ҷумлаи кафедраҳои умумии Консерватрия буда, баробари ин боргоҳи илму ҳунар ташкил шудааст. Вазифаи асосии кафедра асосан таълими забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва итолиёӣ), адабиёти тоҷик ва назмшиносӣ ба донишҷӯёни соҳаи мусиқӣ мебошад. Аз замони оғози фаъолият кафедраро Келимбетова Гулсанам (2003-2009), Саъдиева Гулистон   (2010-2014), Назаров Сергей Холматович (2014- 018), Қурбонов Оятулло Баракатуллоевич (2018- 2020), Шарифзода Лутфулло Абдулло (2020-2025) роҳбарӣ намудаанд ва алҳол сарварии кафедраро Вализода Шабнам Ҳабибулло аз моҳи марти соли 2025 ба зимма дорад. Кафедраи забонҳо дар Консерватрия дар баробари дигар кафедраҳо саҳми назаррас дошта, баҳри беҳбудӣ ва устувории ҷанбаҳои потенсиалӣ пайваста талош меварзад. Аз замони оғози фаъолияти кафедра устодони соҳибтаҷриба Аҳмадҷон Сангинов (устоди алифбои ниёгон), Г. Гелимбетова (омӯзгори забони русӣ), С. Ғаффорова (омӯзгори забони тоҷикӣ), З. Алибекова (омӯзгори забони фаронсавӣ), С. Мирзоев (омӯзгори забони тоҷикӣ), Г. Саъдиева (омӯзгори забони англисӣ) ва дигарон шомил буданд, ки дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳм гузоштаанд.

 Ҳоло кафедра аз рӯйи 9 фан дарсҳоро ба роҳ монда, дар се факултет дар курсҳои якум, дувум ва сеюми шуъбаҳои рӯзонаву фосилавӣ таълим медиҳад.  Миқдори умумии соатҳои кафедра тақрибан 3 ҳазорро ташкил дода, барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар кафедра 7 устоди доимӣ (штатӣ) – 2 нафар номзади илм, муаллими калон, 2 нафар муаллими калон, 2 нафар ассистент ва як нафар лаборант фаъолият менамоянд. Тамоми машғулиятҳо амалӣ буда, шакли назорати фаъолияту давомоти донишҷӯён дар низоми таҳсилоти кредитӣ бо чор санҷиш (рейтинг) ва  дар низоми таҳсилоти анъанавӣ бо ду имтиҳон тариқи шифоҳӣ амалӣ карда мешавад. Ҷанбаи илмии кафедра низ дар се соли охир пурқувват шуда, ду нафар омӯзгорони кафедра (Шарифзода Л.А. ва Саидзода Р.С.) дар соли таҳсили 2022-2023 рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуданд. Айни ҳол як нафар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ қарор дорад ва боз се нафар аз рӯйи мавзуъҳои илмӣ таҳқиқ бурда истодаанд. Ҳамзамон устодони кафедра барои самаранок суръат бахшидани таълиму тарбия ба навиштани мақолаҳои илмӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои илмию методӣ машғул мебошанд, аз ҷумла, китоби О. Қурбонов «Забони тоҷикӣ» (дар ҳаммуаллифӣ бо Каримов Н.С.) ва беш аз 30 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавиро ба табъ расонидаанд.             

Вализода Шабнам Ҳабибулло

Мудири кафедра Вализода Шабнам Ҳабибулло

Солҳои 2011-2016 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таҳсил намудааст.

Аз 1-уми марти 2025 ба ҳайси мудири кафедраи забонҳо  фаъолият мекунад.

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС:

Тел.: 221-35-32; 988-270-293