Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан

Posted Thu, 02/20/2025 - 13:12
By admin

Имрӯз, 20 феврал дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Консерватория ва устодону донишҷӯён таҳти унвони “Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан” ҳамоиш баргузор гардид.

Зимни ҳамоиш Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Миралӣ Достизода изҳор дошт, ки воқеан беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд.

Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки ин нукта, ки ҳифзи марзу буми кишвар, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи муҷаҳҳазу муосир ғайриимкон мебошад, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба таъсиси Артиши миллӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ оғоз намуд.

Дар идомаи чорабинӣ гуфта шуд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд.

“Модар – Ватан, ин мафҳумҳое мебошанд, ки ҳар фарди бо нангу номуси ҷомеаро зарур аст, ки ба қадри онҳо бирасанд, новобоста аз он, ки дар кадом гушаи олам қарор дошта бошем”, афзуд, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон - Достизода Миралӣ ва илова намуд, ки муҳофизи Ватан будан маънои онро дорад, ки бо ғояҳои созанда, аз ҷумла: тарғиби фарҳанги миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва содиқ будан ба касби хеш дар умум нишонаи садоқат ба Ватан ва миллат арзёбӣ мегарданд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби устодону донишӯён барномаи консертӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.