Баргузории дарси маҳорат бо иштироки чангнавози Узбекистон

Posted Mon, 05/10/2026 - 19:09
By admin
чангнавози Узбекистон

5 октябри соли 2026 дар кафедраи созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дарси маҳорати дотсенти Консерваторияи давлатии Узбекистон, чангнавоз Аҳадҷон Мамадалиев баргузор гардид.

Дарси маҳорат таҳти унвони «Чангнавозӣ ва нозукиҳои он» баргузор гардида, ба масъалаҳои муҳимми иҷрои касбӣ, вижагиҳои навозиш, техникаи иҷро ва нозукиҳои ҳунари чангнавозӣ бахшида шуд.

Дар дарси маҳорат устодону донишҷӯёни кафедраи созҳои халқӣ фаъолона иштирок намуда, зимни суҳбати озод бо меҳмон ба саволҳои хеш посухҳои муфид гирифтанд.