Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ дар доираи Бозиҳои Делфӣ баргузор гардид
6 октябри соли 2026 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Бозиҳои Делфӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Бозиҳои Делфӣ — воситаи самарабахши дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди индустрияҳои эҷодӣ ва сайёҳии рӯйдодӣ дар кишварҳои ИДМ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву ҳунарӣ, коршиносон ва намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Ҳадафи ҳамоиш баррасии нақши Бозиҳои Делфӣ дар рушди фарҳанг ва санъат, дастгирии истеъдодҳои ҷавон, густариши ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ буд.
Дар конфронс роҳбарият ва кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолона иштирок намуданд. Ректори Консерватория, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат, дар мавзуи «Дельфийские игры: пространство взаимодействия и взаимообогащения культур» маъруза намуданд.
Дар маъруза нақши Бозиҳои Делфӣ ҳамчун фазои муколамаи фарҳангӣ, табодули таҷриба, таҳкими робитаҳои эҷодӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки Бозиҳои Делфӣ на танҳо майдони рақобати эҷодӣ, балки василаи муҳими муаррифӣ ва ғанӣ гардонидани фарҳангҳо, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди санъати касбӣ мебошанд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конфронс масъалаҳои рушди индустрияҳои эҷодӣ ва истифодаи ҳадафмандонаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, дар соҳаи фарҳанг мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки истифодаи масъулиятноки технологияҳои нав метавонад ба ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ, рушди шаклҳои нави эҷод ва густариши имкониятҳои таълимӣ мусоидат намояд.
Конфронс бо мубодилаи афкор ва пешниҳоди андешаҳои мутахассисон идома ёфта, барои таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои ИДМ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
