Дарси маҳорат

Posted Thu, 12/11/2025 - 16:28
By admin
Дарси маҳорат

Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо Донишкадаи санъати мусиқии миллии Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ аз ҷониби устодони ин муассисан.и. санъатшиносӣ, профессор Бегматов Соҳибҷон Маҳмудович ва омӯзгори кафедраи «Таърих ва назарияи мақоми узбек» Ҳайдарова Нодира дарсҳои маҳорат доир гашт.

Муовини ректор оид ба тарбия и.в. дотсент Абдурасул Исмоилов меҳмононро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.

Дар дарси маҳорат омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯёни Консерватория иштирок намуданд.