Дарси маҳорати пианинонавози машҳури Фаронса

Posted Mon, 04/21/2025 - 19:03
By admin
Франсуа Шаплен

Дар доираи ҳамкориҳои эҷодии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар толори хурд дарси маҳорати пианинонавози машҳури Фаронса, хатмкардаи Консерваторияи миллии ш.Париж, лауреати озмуни байналмилалии пианинонавозон дар Италия Франсуа Шаплен, ки ба даҳгонаи беҳтарин пианинонавозони ҷаҳон шомил шудааст, доир гашт.

Дар дарси маҳорат донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони кафедраи фортепианои тахассусӣ иштирок намуда, аз нозукиҳои санъати пианинонавозӣ бархурдор гаштанд.