Консерти хори донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ

Posted Mon, 16/03/2026 - 19:15
By admin
Консерти хори донишҷӯён

Дар доираи баргузории консертҳои ҳисоботии оркестру ансамблҳои Консерваторияи миллӣ, санаи 16 марти соли 2026 дар Толори калони Консерватория ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти ҳисоботии хори донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ баргузор шуд.

Консерти мазкур зери роҳбарии дирижёр Давлатзода Бахтовар доир гардид ва дар он 10 барномаи консертӣ аз эҷоди шоирон ва композиторони тоҷик, русу аврупоӣ дар иҷрои ҳайати хори умумӣ бо маҳорати баланд иҷро карда шуд ва мавриди пазироии гарму ҷӯшони тамошобинон қарор гирифт.

Консерти хори донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ

Дар фарҷом ректори Консерваторияи миллӣ Давлатзода Баҳодур баргузории чунин консерти бошукуҳро ба созмондиҳандагони он табрик гуфта, аз фаъолиятҳои хори умумии Консерваторияи миллӣ дар ҷашну консертҳои дохилӣ, ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ хотиррасон намуд ва ба ҳайати он барору комёбиҳои боз ҳам бештар таманно намуд.