Консерти синфии омӯзгорони кафедраи фортепианои умумӣ
Санаи 16-уми январи соли 2026, соати 14:00, дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба муносибати истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти синфии омӯзгорони кафедраи фортепианои умумӣ баргузор гардид.
Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ 21 барномаи консертӣ дар иҷрои омӯзгорон, донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаю фосилавӣ ва шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати назди Консерватория, аз ҷумла шунавандагони хориҷӣ, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.
Барномаҳо асарҳои муаллифони иштирокчии консерт, оҳангҳои мардумии тоҷикӣ, ҳамчунин намунаҳо аз эҷодиёти бастакорони рус ва аврупоиро дар бар гирифта, бо маҳорати баланди касбӣ иҷро шуданд.
Дар консерти синфии мазкур ба хатмкунандаи курси семоҳаи омӯзишии назди Консерватория, шаҳрванди Ҷумҳурии Кореяи Чанубӣ Ҷи Сеонг Ли сертификати хатми курси омӯзишии фортепиано тақдим карда шуд.

