Мақолаҳои омӯзгорони Консерваторияи миллӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16-уми декабр ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид ва дар он Пешвои миллат доир ба ҷанбаҳои гуногуни сиёсати дохилию хориҷӣ, илму маориф, авзои имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди таҳлил қарор доданд. Дар робита ба ин ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Давлатзода Б.Д. дар мақолаи зери унвони “Паём-роҳнамои ояндаи миллат” андешаҳои худро оид ба паҳлӯҳои гуногуни сиёсати имрӯзи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, махсусан вобаста ба ташвиқу тарғиби арзишҳои волои миллӣ, фарҳангу санъат, мусиқии асили қадими тоҷик ва ҳифзу пешбурди он дар ҳаёти имрӯза иброз намудааст.
