Семинар-машварат ва консерт бо ташаббуси кафедраи фортепианои умумӣ
18 апрели соли 2024 дар Толори хурди Консерватория дар доираи ҳафтаи илм Семинар-машварат ва консерт бо ташаббуси кафедраи фортепианои умумӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар семинар магистрантони курсҳои аввал ва дуввум, донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи фортепианои умумӣ иштирок намуданд.
Дар ибтидои семинар-машварат масъули илми Консерватория Д. Латифзода семинарро ифтитоҳ бахшида қайд карданд, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрел дар ҳамаи муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ҳафтаи илм эълон карда шудааст ва бояд ҳар як кафедра дар он фаъолона иштирок намояд.
Мақсад аз ташкил ва баргузории ҳафтаи илм боло бардоштани нақш ва нуфузи илм дар ҷомеа, рушд додани илми бунёдӣ ва амалӣ, муаррифи намудани дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар суханрониҳои масъули илм ва мудири кафедраи фортепианои умумӣ Ҷ. Рустамова ин нуқтаҳо махсус таъкид карда шуданд. Дар семинар устодони кафедра С. Ҷӯраева, Н. Раҳмонова, Қодирова Қ. Алиева А. ва Алиев М.М. баромад карда, андешаҳои худро дар бораи нақши кафедраи фортепианои умумӣ дар омода сохтани мутахассисони гуногуни соҳаи санъати мусиқии касбӣ ва боло бардоштани салоҳияти касбии мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ сухангӯӣ карданд. Пас аз ҳар баромади шифоҳии устодон номераҳои консертии омӯзгорон, магистрантону донишҷӯён дар шакли якканавозӣ ва дуэт иҷро карда шуданд.
Дар ҷамъбасти семинар-машварат ва консерт мубодилаи афкор дар атрофи сухангӯиҳо ва иҷрои асарҳои мусиқӣ баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки ин гуна чорабинӣ аз тарафи кафедраи фортепианои умумӣ бори аввал баргузор гардид.