Табрикоти ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон бахшида ба 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Sat, 09/06/2025 - 18:35
By admin
Давлатзода Баҳодур

Ҳамдиёрони азиз!

Омӯзгорону донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамкорони муҳтарам ва дӯстдорони фарҳангу ҳунари миллӣ!

Бо камоли ифтихору садоқат ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни муқаддасу таърихии миллат — 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи тоҷик як неъмати бебаҳо, дастоварди бузурги таърихӣ ва сарчашмаи ҳамаи пешрафту муваффақиятҳои замони муосир мебошад. Маҳз ба воситаи Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар ҳамаи соҳаҳо — аз сиёсату иқтисод то илму маориф ва фарҳанг — ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Фарҳанг ва ҳунари миллӣ, хусусан мусиқии касбӣ, дар даврони Истиқлол рушде бесобиқа ёфт. Имрӯз ин бахш на танҳо муаррифгари ҳувияти миллӣ, балки воситаи муколамаи тамаддунҳо ва равзанае ба сӯйи ҷаҳон гардидааст.

Дар ин росто, саҳми Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов шоёни арзёбии хос аст. Ин боргоҳи маърифат дар тули солҳои Истиқлол ба як маркази бонуфузи таълимӣ, илмӣ ва эҷодӣ табдил ёфта, дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқӣ нақши муҳим гузоштааст.

Бо дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат, Консерваторияи миллӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, низоми таълим бо стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ вусъат ёфта, саҳми устодону донишҷӯён дар саҳнаҳои бонуфузи ҷумҳуриявию байналмилалӣ афзудааст.

Аз ҷумла, бо ифтихор зикр метавон намуд, ки рӯзҳои 23-26 августи соли равон дар шаҳри Тиянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Консерваторияи Тиянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид, ки заминаи мусоиде барои тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ-эҷодӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мегардад.

Боварии комил дорам, ки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни лаёқатманди Консерватория минбаъд низ бо такя ба мероси ғании фарҳангии миллат ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар рушду такомули мусиқии касбии тоҷик саҳми сазовор хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, руҳу илҳоми эҷодӣ ва комёбиҳои тоза орзу менамоям.

Зинда бод Истиқлоли давлатии Тоҷикистон!

Поянда бод фарҳангу ҳунари миллии тоҷик!

Бо эҳтиром,

ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат.