Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Консерваторияи миллӣ

Posted Thu, 05/22/2025 - 22:26
By admin
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Консерваторияи миллӣ

Имрӯзҳо дар сартосари кишвари азизамон Рӯзи ҷавонон таҷлил шуда истодааст. Бо ҳамин мақсад, имрӯз (22-юми майи соли 2025) дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки роҳбарияти Консерватория ва омӯзгорону донишҷӯён, раис ва намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идона бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» ва «Рӯзи ҷаҳонии футбол» баргузор гардид. Дар оғози ҳамоиш Суруди миллӣ аз ҷониби Оркестри эстрадии Консерваторияи миллӣ ба таври зинда иҷро гардид.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Консерваторияи миллӣ

Баъдан, ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ Давлатзода Баҳодур Давлат ҳузури ҳамаи меҳмононро ба ҳамоиш, ки зери унвони “Муждаи ҷавонӣ” бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори барҳавои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баргузор гардид, хайрамақдам гуфт. Давлатзода Б.Д. таъкид намуд, ки таҷлили рӯзи хосса дар миёни ҷашнвораҳои дигар бо номи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кишвари азизамон, ки чанд рӯз боз идома дорад, ин маънои амиқ ва падидаи эҳтирому арҷгузориро дорад. Ин падида пеш аз ҳама аз сиёсати ҷавондӯстонаву ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Дар идомаи суханронӣ, Давлатзода Б.Д. хотирнишон намуд, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов имрӯз ҳамчун мактаби олии мусиқӣ даргоҳи илму ҳунар, суруду мусиқии асили тоҷик аст, ки барои шаҳрвандони кишвари азизамон, хосса ҷавонони мо мактаби омӯзиш, саҳнаи аввалини касбӣ барои соҳибистеъдон аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷавонон барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи фарҳанг ва таъмини амнияти миллӣ масъулияти бузургеро бар дӯш доранд. Яке аз нақшҳои калидии ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ иштироки фаъолона дар рушди санъати мусиқии касбии мамлакат мебошад, ки ба назари мо имрӯз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ин рисолатро хеле хуб иҷро намуда истодааст.

Сипас, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор ҷовононро табрик намуда, ба ҷавонон фатҳи қуллаҳои нав ва муваффақияту комёбиҳои зиёд таманно намуд ва иброз намуд, ки андешаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад ва ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонад.

Дар оғози ҳамоиш, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Консерваторияи миллӣ Давлатзода Баҳодур Давлат бо медали «Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» сарфароз гардонида шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин барои ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси таълимӣ ва иштироки фаъолона доштан дар чорабиниҳои сиёсию ҷамъиятӣ як қатор кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ бо ифтихорномаю сипосномаҳо-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ шуданд.

Барномаи консертии идона, ки аз ҷониби Оркестри эстрадии Консерваторияи миллӣ омода гардида буд, манзури ҳозирин гардонида шуд. Барномаи консертӣ ва маҳорати волои иҷрокунандагии Оркестри эстрадии Консерваторияи миллӣ аз ҷониби ҳозирин, роҳбарияти Консерватори миллӣ ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор баҳои баланд гирифт.