Идомаи Бозиҳои Делфӣ дар Консерваторияи миллӣ
Нимаи дуюми имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷараёни озмунҳои XX-умин Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ бо шукӯҳи хос идома дорад.
Дар доираи барномаи озмунӣ иштирокчиёни номинаҳои «Созҳои халқӣ» ва «Фортепиано» баромад намуда, барномаҳои омодакардаи худро пешкаши ҳайати ҳакамон менамоянд. Иҷрои асарҳо дар сатҳи баланди касбӣ сурат гирифта, иштирокчиён маҳорати навозандагӣ, техникаи иҷро ва тафсири эҷодии худро нишон медиҳанд.
Ҷараёни озмун дар фазои фаъол ва эҷодӣ идома дошта, ҳар як иштирокчӣ кӯшиш менамояд, ки бо барномаи худ сатҳи омодагии касбӣ ва имкониятҳои эҷодиашро нишон диҳад.
Баргузории озмунҳо дар Консерваторияи миллӣ ҳамзамон боиси ҳузури намояндагони кишварҳои гуногун дар муҳити мусиқии тоҷик гардида, ба табодули таҷрибаи бевоситаи иштирокчиён ва мутахассисони соҳа мусоидат менамояд.
