Консерти синфии кафедраи фортепианои тахассусӣ

Posted Fri, 03/04/2026 - 19:38
By admin
консерти магистрантони хатмкунанда

Садои камолот: консерти магистрантони хатмкунанда

Имрӯз, 3 апрели соли 2026 дар толори хурди Консерваторияи миллӣ консерти синфии магистрантони хатмкунандаи кафедраи фортепианои тахассусӣ — Қодирова Карина ва Убайдуллоева Дилрабо баргузор гардид. Барномаи консерт таҳти роҳбарии омӯзгори калон Саодатова Парасту ва омӯзгор Сайфиддинов Беҳрӯз омода ва пешниҳод гардид.

Дар доираи консерт магистрантон шаш асари гуногунжанрро бо маҳорати баланди иҷрокунандагӣ манзури ҳаводорон гардониданд. Аз ҷумла, «Сюитаи фаронсавӣ» ва «Сюитаи англисӣ»-и Иоган Себастян Бах, «Соната-идиллия»-и Николай Метнер, «Прелюдия ва Ария аз “Сюитаи замони Ҳолдберг”», инчунин асарҳои муосир — «Рақс»-и Беҳрӯз Сайфиддинов ва «Лезгинка»-и Т. Кулиев иҷро гардиданд.

Консерт дар фазои гарму самимӣ баргузор шуда, сатҳи баланди омодагии ҳунарӣ ва малакаи касбии иҷрокунандагонро ба намоиш гузошт. Ҳар як баромади магистрантон аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва истиқболи самимӣ пазируфта шуд.

Ёдовар мешавем, ки ин гуна чорабиниҳои эҷодӣ дар рушди истеъдоди ҷавонон, такмили маҳорати иҷрокунандагӣ ва таҳкими анъанаҳои мактаби миллии мусиқӣ нақши муҳим доранд.