Дарси кушод дар мавзуи «Жинзь и творчество А.С. Пушкина»
29-уми феврал аз ҷониби омӯзгори фанни забони русии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Аҳророва З. дар мавзуи «Жинзь и творчество А.С. Пушкина», бахшида ба 225 солагии асосгузори адабиёти классикии рус А.С. Пушкин дарси кушод баргузор гардид.
Дар дарси кушод муҳимтарин паҳлуҳои зиндагӣ ва эҷодиёти А.С, Пушкин қайд гардид.
Пас аз намоиши презентатсия шогирдони соли якум ва дуюми факултети Иҷрокунандагӣ ва Мусиқии суннатии тоҷик баромад карда, аз ашъори ин классики рус шеърҳо қироат намуданд.
Пас аз ин, аз ашъори А.С.Пушкин донишҷӯён барномаи сарояндагӣ ва навозандагии консертӣ намоиш дода, аҳли толор аз ҳунари худ хушнуд гардониданд.