Ифтитоҳи нимпайкараи Устод Одина Ҳошим

10 апрел дар ноҳияи Сино парда аз рӯйи нимпайкараи навбунёди овозхони маъруф, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Одина Ҳошим бардошта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарони Вазорати фарҳанг, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳаводорон ва пайвандони овозхони шинохта ҳузур доштанд.