Ҷанбаҳои муосири рушди техникаи сабти садои мултимедиявӣ ва режиссураи мусиқӣ
Санаи 25-уми апрели соли 2025 дар толори хурд дар доираи «Ҳафтаи илм дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва чорабиниҳои илмӣ» конференсияҳои илмӣ-назарии кафедраи режиссураи овози факултети санъати мусиқии эстрадӣ зери унвони «Ҷанбаҳои муосири рушди техникаи сабти садои мултимедиявӣ ва режиссураи мусиқӣ» барпо гардид.
Дар конференсия омӯзгорону донишҷӯёни кафедра иштирок ва маъруза намуданд. Аз ҷумла, мудири кафедраи режиссураи ороиши овоз Фирӯз Раҷабов дар мавзуи «Таҳия ва эҷоди мусиқии компютерӣ дар барномаҳои телевизион ва радио», омӯзгори кафедра Толиб Маҳмудов дар мавзуи «Хусусиятҳои режиссураи сабти мусиқӣ дар мисоли сабти ҳунармандони дастаҳои ҳунарии телевизион ва радио», и.в. дотсент Исматулло Саидов дар мавзуи «Хусусиятҳои кори режиссёри овози студияи консертӣ бо истифода аз мисоли сабти хори академӣ» ва донишҷӯи курси дуюми кафедра Содиқзода Забеҳулло дар мавзуи «Таҷҳизоти нави касбии сабт ва пахши садо ва технологияҳои навтарини корбарӣ бо садо» маъруза намуданд.
Баромадкунандагон бо мисолҳои мушаххас, таҳлилҳои илмӣ ҷанбаҳои муосири рушди техникаи сабти садои мултимедиявӣ ва режиссураи мусиқиро масъалагузорӣ ва ҷиҳати пешрафти соҳа пешниҳодҳои ҷолиб намуданд. Дар конфронс таъкид шуд, ки мақсади асосии конференсияи имрӯза ин дарки нақши фазои чандрасонаӣ дар ҳаёти муосири ҷомеа, истифодаи нерўи он дар татбиқи вазифаҳои стратегии рушди миллӣ дар соҳаи фарҳанг ва маориф, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли проблемаҳои актуалии техникаи садои чандрасонаӣ ва мусиқӣ дар муҳити иҷтимоии фарҳангӣ, бадеӣ, эҷодӣ ва таълимӣ дар марҳалаи кунунии рушди иҷтимоӣ, дар амалияи таълимӣ ҷорӣ намудани технологияҳои мултимедиявии таълимӣ, рушди тафаккури аудиовизуалӣ, таҳияи технологияи кор бо моделҳои садои акустикӣ дар амалияи бадеӣ ва эҷодии муҳандиси садои мусиқӣ мебошад.
Баромадгунандагон ин мақсадҳоро хуб дарк намуда, маърузаи худро дар робита ба онҳо манзур намуданд. Дар охир муҳокимаи маърузаҳо сурат гирифта, пешниҳодҳо низ шуд.