Гузориш аз «Маҳфили хирад»

Posted Fri, 05/23/2025 - 21:23
By admin
Маҳфили хирад

Имрӯз, 23-юми майи соли 2025 дар толори раёсати АМИТ «Маҳфили хирад» бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, устоди Консерваторияи миллӣ Файзалӣ Ҳасан ва рӯнамоии китоби «Тароназоси Ватан» бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, АМИТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва мухлисони сершумори сарояндаи маҳбуб баргузор гардид.

Маҳфили хирад

Чорабиниро доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии АМИТ Аслиддин Низомӣ оғоз намуда, сипас президенти АМИТ Хушвахтзода Қ.Х., муовини вазири фарҳанг Давлат Сафар, директори телевизиони «Сафина» Шамсиддинзода С.З. ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ Давлатзода Б.Д. суханронӣ намуданд.

Сипас, аз ҷониби устод Файзалӣ Ҳасан, ҳунармандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва шогирдони устод барномаи консертӣ манзури тамошобинон гардид.