Ҷаласаи васеи кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Posted Thu, 09/04/2025 - 13:24
By admin

Санаи 3-юми сентябри соли 2025 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷаласаи васеи кормандон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони Консерваторияи миллӣ, инчунин муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ Рабизода Диловар ва сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ Шамисиддинзода Насим иштирок намуданд.

Дар оғоз, Пешниҳоди Агентӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Сипас, Рабизода Диловар баромад намуда, доир ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки соҳаи фарҳанг ва маориф дар тарбияи насли наврас нақши муҳим дошта, шаффофияти идоракунӣ шарти муҳимми рушди устувор мебошад.

Сипас, ректори Консерваторияи миллӣ номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат, суханронӣ намуда, аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ таъкид дошт, ки ҳайати омӯзгорон ва кормандон ҳамеша ба риояи қонун ва масъулияти касбӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва пешгирии коррупсия муҳокима гардида, пешниҳодҳои муфид барои беҳтар намудани фаъолияти муассиса шунида шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа қарорҳои зерин қабул гардиданд:

1. Таҳия ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии коррупсия дар Консерваторияи миллӣ;

2. Гузаронидани семинару вохӯриҳои омӯзишӣ бо иштироки намояндагони Агентӣ байни омӯзгорон ва донишҷӯён;

3. Пурзӯр намудани назорат аз болои шаффофият ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи муассиса.

Ҷаласаи мазкур бо руҳияи баланди масъулиятшиносӣ баргузор гардида, аҳли коллективи Консерваторияи миллӣ омодагии худро барои иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Агентӣ ва роҳбарияти муассиса изҳор намуданд.