Барномаи консертӣ дар доираи семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ

Posted Thu, 10/02/2025 - 20:36
By admin
Барномаи консертӣ

Тавре иттилоъ дода будем, дардоираи семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, ки таҳти унвони «Вазъи мактабҳои авлодии мақомхонӣ ва фалакхонӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо»санаи 2-юми октябри соли 2025 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон баноми Талабхӯҷа Сатторов баргузор гардид, барномаи фарҳангиву консертии вижа доир гардид, ки бо иштироки устодону донишҷӯён,ҳунармандон ва намояндагони мактабҳои авлодии мақомхонӣ ва фалакхонӣ ҷараёнгирифт.

Барномаи консертӣ дар доираи семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ

Ин барномаи консертӣ, ки ба муаррифии мусиқии суннатӣ вамероси гаронбаҳои ҳунарии тоҷикон бахшида шуда буд, дар фазои хоса ва бо ҳунарнамоии намояндагони мактабҳои гуногуни Шашмақом ва Фалак, аз ҷумла мактабҳои авлодии устод Одина Ҳошим, устод Давлатманд Хол, устод Ҷӯрабек Набиевва устод Султонназари Саидназар баргузор гардид.

Барнома ба як саҳнаи зиндаи омӯзиш, эҳё ва таблиғи мусиқии суннатии тоҷик табдил ёфта, аз ҷониби иштирокчиён ва меҳмонон бо истиқболи гарм рӯ ба рӯ шуд. Ин намоиши ҳунарӣ на танҳо як барномаи консертӣ, балки ҷузъи муҳимми амалӣ ва фарҳангии семинар ба шумор мерафт,ки тавассути он равандҳои интиқоли анъанаҳои авлодии ҳунарӣ ба насли ҷавон муаррифӣ гардиданд.

Ҳамзамон ширкаткунандагони фаъоли семинар ва барномаи консертӣ аз ҷониби роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо сертификатҳо қадрдонӣ гардиданд, ки ин як иқдоми муҳим дар самти дастгирии ҳунармандон вамутахассисони соҳаи мусиқии суннатӣ арзёбӣ мешавад.