Табрикоти ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Фалак

Ҳамкасбон, устодон, донишҷӯён ва дӯстдорони фарҳанги миллӣ!
Бо ифтихор ва самимиятеро, ки аз қалби ҳар як тоҷик бармеояд, ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Фалак – ин рӯзи бошукӯҳи арҷгузорӣ ба ҳунари қадимаи миллиамон табрик мегӯям!
Фалак – ойинаи рӯзгори миллати тоҷик, садои қалби пурэҳсоси мардум ва таҷассумгари орзуву омол, дарду шодиву умеди халқи куҳанбунёди мост. Ин жанри нодири мусиқӣ, ки реша дар умқи ҳазорсолаҳо дорад, бо фалсафаи амиқ, оҳангҳои руҳбахш ва ашъори пурмазмунаш дар тули таърих ҳамнафаси миллат буда, дар лаҳзаҳои шодиву ғам бо ӯ ҳамқадам гаштааст.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи Фалак дар сатҳи давлатӣ ҷорӣ гардида, ин иқдом нишонаи равшани таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии кишвар ба ҳифзу эҳё ва рушди ин ганҷинаи гаронбаҳои фарҳанги миллӣ мебошад.
Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Фалак як навъ рамзи ҳастии миллати тоҷик, ифодагари таърихи пурфоҷиа ва дар айни замон сабақи зиндагии ин халқи қадим мебошад».
Ин суханони пурмуҳтаво, арзиш ва масъулияти моро дар роҳи ҳифзи мероси миллӣ дучанд менамоянд. Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди Фалак – ин танҳо арҷгузорӣ ба як жанри мусиқӣ нест, балки ҳимояи як рукни муҳими ҳувияти миллӣ ва чеҳраи маънавии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, Фалак аз нав эҳё гардида, ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати фарҳангии давлатӣ табдил ёфтааст. Бо таъсиси Ансамбли давлатии «Фалак», баргузор шудани озмуну фестивалҳои гуногун ва муҳимтар аз ҳама, шомил гардидани Фалак ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ин жанри нодир эътирофи байналмилалӣ пайдо кард.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун маркази асосии таълими мусиқии касбӣ, дар ҳифз, омӯзиш ва рушди илмии ин жанр саҳми босазо дорад. Таъсиси факултети «Мусиқии суннатии тоҷик», ки омӯзиши Фалак ва Шашмақом дар меҳвари он қарор дорад, як қадами устувор дар роҳи илмӣ гардондани ин санъати бостонӣ мебошад.
Имрӯз дар ин боргоҳи муқаддас насли нави фалаксароён ва фалакнавозон тарбия меёбанд. Онҳо вазифадоранд, ки бо масъулияти баланд ин мероси маънавии ниёгонро омӯзанд, такмил диҳанд ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.
Ба қавли Пешвои муаззами миллат: «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми руҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».
Мо – аҳли илму фарҳанг, бояд дар амал татбиқгари ин ҳидоятҳо бошем. Ҷамъоварӣ, сабт, нашр ва таҳқиқи илмии намунаҳои асили Фалак бояд ба як вазифаи муқаддаси на танҳо Консерваторияи миллӣ, балки тамоми ҷомеаи фарҳангӣ табдил ёбад.
Дар фарҷом, бори дигар Рӯзи Фалакро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, ба ҳар як шогирду устод, муҳаққиқу ҳунарманди соҳаи мусиқии суннатӣ саломатии бардавом, илҳоми эҷодӣ ва комёбиҳои нав орзу менамоям.
Бигзор садои ҷовидонаи Фалак ҳамеша дар фазои Тоҷикистони маҳбуб танинандоз бошад, ва руҳи миллии моро ба сӯйи қуллаҳои баланди худшиносиву худогоҳӣ раҳнамун созад!
Бо эҳтиром, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат