Кафедраи созҳои халқӣ

Кафедраи созҳои халқӣ


Соли 1967 дар назди Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) факултети санъат таъсис ёфт, ки ба таълими мусиқии касбӣ замина гузошт. Таъсиси ин факултет ба рушди мусиқии халқӣ, инчунин омӯзиши созҳои оркестрӣ равона шуда буд. Ин аст ки дар доираи факултет кафедраҳои созҳои халқӣ ва созҳои оркестрии классикӣ фаъолият мекарданд. Ин аслан кафедраи омехта буд, ки дар он ҷо созҳои торӣ, нафасӣ ва ҳам созҳои халқӣ омӯзонида мешуд.

Аввалин мудири кафедра (созҳои оркестрӣ ва созҳои халқӣ)  Шамсов Саид Муродович буд. Баъд аз он ки Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ба бинои нав мегузарад, кафедраҳои созҳои халқӣ ва кафедраи созҳои оркестрӣ ба кафедраҳои алоҳида ҷудо мешаванд ва мустақил мегарданд. Баьд аз ҷудо шудани кафедраҳо аввалин мудири кафедраи созҳои халқӣ Набиҷон Абдуллоев интихоб мешаванд. 

Соли 1973 бо қарори Шурои вазирони ИҶШС дар асоси базаи  факултети санъати Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко Институти давлатии санъати Тоҷикистон  кушода шуд. Дар Институти давлатии санъати Тоҷикистон се факултет ба фаъолият шурӯъ кард, ки яке аз онҳо факултети иҷрокунандагӣ буд. Аз соли 1973 кафедраи созҳои халқӣ фаъолияти худро дар факултети иҷрокунандагии Институти давлатии санъати Тоҷикистон идома додааст. Давоми солҳои фаъолият дар Институти давлатии санъати Тоҷикистон устодони зерин ба ҳайси мудирони кафедра фаъолият намудаанд: Набиҷон Абдуллоев (1973-1983), Михаил Замонович Давидов, Ҷурахон Обидов (1989 -1994, 2000-2003), Қурбониён Қурбон Эмомалӣ (1995-1997), Ҳомидқул Ҷумъаев (1997-1999).  

Соли 2003 бо сайъу кӯшишҳои композитори маъруфи тоҷик Талабхӯҷа Сатторов ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№196), Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис меёбад. Барои кушода шудани Консерваторияи миллии Тоҷикистон факултети иҷрокунандагии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода замина мегардад. Аввалин мудири кафедраи созҳои халқӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон Ҷурахон Обидов (2003-2005) буданд. Сипас, Наримон Каримов, Амирбек Мӯсозода, Абдураҳмон Матхолов, Назокати Абдулазиз, Самандар Саидов мудирии кафедраро ба уҳда доштанд. Аз моҳи январи 2024 то ҳол Раҳмонова Гулбону Асадуллоевна ба ҳайси мудири кафедраи созҳои халқӣ фаъолият мекунад.

Ҳайати омӯзгорони кафедра: Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, профессор Қурбониён Қурбон, ҳунарпешаҳои халқӣ, профессор Қурбоналӣ Ёқубов ва дорандаи ҷоизаи Абуабдуллоҳ Рудакӣ, профессор Амирбек Мӯсозода, номзади илмҳои санъатшиносӣ, и.в. профессор Давлатзода Баҳодур Давлат, и.в. профессор Давлатов Маҳмадқул, дорандаи медали хизмати шоиста (2005) ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, и.в. дотсент Матхолов Абдураҳмон, и.в. дотсентҳо Маҳмудӣ Аброр ва Аҳмадзода Зуҳриддин, омӯзгори калон Саторзода Ҷонибек ва Лутфуллои Раҳматулло, омӯзгор Саидов Самандаршо ва Раҳмонова Гулбону.

Дар назди кафедра оркестр ва ансамбли созҳои халқӣ фаъолият мекунанд. Ансамбли созҳои халқӣ соли 1995 дар кафедраи созҳои миллии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ташаббуси Матхолов Абдураҳмон ташкил гардидааст ва аввалин роҳбари ансамбл низ Матхолов А.Д. буд. Аз соли 1995 то соли 2003 ансамбли созҳои миллӣ дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва аз соли 2003 инҷониб дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов зери роҳбарии Матхолов А.Д. фаъолият намуда истодааст. Кафедра мувофиқи нақшаҳои консертӣ дар ҳар соли таҳсил консертҳои ҳисоботии худро мегузаронад. Инчунин, дар консертҳои дохилии Консерватория ва берун аз он иштироки фаъолона дорад.  

Донишҷӯёни кафедраи созҳои халқӣ пайваста дар озмунҳои дохилии Консерватория, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Лауреатҳои озмуни дохилии Консерватория «Иҷрокунандаи беҳтарин»: Рашидов Шараф, Маҳмудов Фирдавс, Муминов Абубакр, Раҳмонова Гулбону, Раҳматуллоева Дилноза, Абдуқаҳҳоров Шерзод, Қурбонов Набиҷон, Аломудинова Аниса ва дигарон.

Лауреатҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»: Бунёдов Сано (2022), Ҳасанов Каримҷон (2021, ҷойи 1-ум), Ҳасанов Ҷовидон (2021, ҷойи 2-юм), Борониев Мунис (2023, ҷойи 3-юм), Аломудинова Аниса (2025, ҷойи 1-ум).
Лауреатҳои озмунҳои байналмилалӣ: Мирзоева Шаҳноза (шоҳҷоиза), Абдуқаҳҳоров Шерзод (ҷойи 2-юм), Раҳмонова Гулбону (ҷойи 3-юм). 

Хатмкунандагони кафедраи созҳои халқӣ, ки ифтихори кафедра мебошанд: Давлатзода Б.Д., Аҳмадзода З.Ш., Орипова У.Н., Назокати А., Саидов С.Ф., Лутфуллои Р., Салимов Д., Раҳмонова Г.А., Далершоҳи Камол ва дигарон. 


Мудири кафедра: Раҳмонова Гулбону Асадуллоевна

Раҳмонова Гулбону Асадуллоевна

  • Солҳои 2012-2017 дар кафедраи созҳои халқӣ, ихтисоси сози чангро бо дипломи аъло хатм намудааст. 
  • Солҳои 2020-2023 дар ихтисоси мусиқишинос таҳсил намудааст. Айни ҳол магистранти соли 2-юми ихтисоси мусиқишиносӣ аст. 
  • Аз моҳи январи 2024 ба ҳайси мудири кафедраи созҳои халқӣ фаъолият мекунад.

Маълумот барои тамос:
Телефон: (+992) 904-305-151


Лаборанти кафедра: Назарова Дилноза Қиёмиддинова

  • Солҳои 2021-2025 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ихтисоси дутори алт таҳсил намудааст.
  • Аз сентябри соли 2025 то имрӯз ба ҳайси лаборанти кафедра фаъолият мекунад.