Табрикотии ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Давлатзода Баҳодур бахшида ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз

Posted Thu, 19/03/2026 - 16:25
By admin
Давлатзода Баҳодур

Ҳамкорон, омӯзгорону дониҷӯёни азиз!

Бо камоли эҳтиром ва ифтихор, Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарафманди кишварамонро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз – ҷашни бостонӣ, рамзи эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав, самимона табрик ва муборакбод менамоям.

Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон барои миллати мо арзиши бузурги маънавӣ дошта, рамзи ваҳдат, дӯстӣ, покизагӣ ва пайванди наслҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни муқаддас имрӯз дар арсаи байналмилалӣ низ мақоми хосса пайдо намуда, ҳамчун паёми сулҳу ҳамзистии осоишта таҷлил мегардад. Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, пешгоҳи мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарин таърихи ин ҷашни муқаддас ва хусустияти хурду ҳимояти мардумро аз Наврӯз дубора зинда медорад. Наврӯз ҳамчун чашмаи зулол ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқӣ тоҷик ҳамеша шодбошӣ, мардонагӣ, забон, расму ойин, фарҳанг, таърих ва шукӯҳи Ватан будаст».

Боиси ифтихору сарфарозист, ки Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуд. Ин ҷашн на танҳо ба иди бузургу муқаддаси миллӣ табдил ёфт, балки мақоми байналмилалӣ пайдо карда, ба омили муҳимми ривоҷи табодули фарҳангҳо, таҳкими ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва густариши сулҳу субот дар ҷаҳон мубаддал гардид.

Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз барои муаррифии ҳарчи бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар ин замина, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҷиҳати таъсиси марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишвар, бозгӯи аҳаммияти беназири ин ҷашни миллӣ ва нақши он ҳамчун шиносномаи фарҳангии миллат мебошад.

Ин иқдом барои Консерваторияи миллӣ низ аҳаммияти вижа дорад. Зеро мусиқӣ ҳамчун бахши ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ҳамеша бо анъанаҳои наврӯзӣ тавъам буда, дар тарғиби арзишҳои зебоипарастӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ нақши муҳим мебозад. Аз қадим мардуми мо ин ҷашнро бо оҳангу навоҳои дилнишин истиқбол намуда, руҳу илҳоми тоза мегирифтанд.

Муассисаи мо ҳамчун маркази таълим ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки дар баробари омӯзиши дастовардҳои мусиқии ҷаҳонӣ, мероси нодири миллӣ, аз ҷумла санъати классикии тоҷик – Фалак ва Шашмақомро ҳифз ва ба наслҳои оянда интиқол диҳад. Мо ифтихор дорем, ки хатмкунандагон ва донишҷӯёни мо бо ҳунари волои худ фарҳанги тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба ҳамаи устодон ва кормандони соҳа барои саҳми арзандаашон дар тарбияи насли ҷавон ва рушди санъати миллӣ изҳори сипос менамоям. Ба донишҷӯён ва ҷавонон тавсия медиҳам, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, барои аз худ кардани илму ҳунар талош варзанд, зеро ояндаи фарҳанги миллӣ аз фаъолияти онҳо вобаста аст.

Ба муносибати ин ҷашни фархунда ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, илҳоми эҷодӣ, муваффақиятҳои нав дар фаъолияти касбӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон орзу менамоям.

Бигзор Наврӯзи имсола барои кишвари маҳбубамон соли сулҳу субот, дастовардҳои нав ва пешрафтҳои назаррас гардад.

Наврӯз муборак бод!