Хушхабар! Ғолибон Баргаштанд!
Имрӯз ансамбли созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Исмойилов Абдурасул Ҷурабоевич баъди ширкат дар 15-умин фестивал-озмуни байналмилалии «Наврӯз садолари”- ки байни ансамблҳо ва оркестрҳои созҳои халқии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 30-юми март то 1-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, бо пирӯзӣ баргашт. Ансамбли мазкур бо пешниҳод намудани маҳорати баланд дар миёни панҷ кишвари минтақа сазовори ҷойи дуюм гардид ва бо дипломи дараҷаи II ва мукофоти пулӣ қадр карда шуд.
Устод Исмойилов Абдурасул Ҷурабоевич ва шогирдони ӯро бо пирӯзӣ дар чунин фестивал-озмуни бонуфӯз самимона табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳои баланди эҷодӣ ва дастовардҳои боз ҳам бештарро дар муаррифии санъати асили тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таманно дорем.
