Танини суруди ватан

Posted Fri, 03/04/2026 - 21:15
By admin
Танини суруди ватан

Ташаккули Фурқат Саидзода ҳамчун мақомхон хеле шаффоф аст. Зодаи ноҳияи Ҳисор, баъди хатми мактаби миёна, соли 1986 баҳри аз худ кардани шашмақом ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба шуъбаи мусиқии анъанавии тоҷик дохил шуда, муддати панҷ сол зери тарбияи шашмақомхонони маъруф, Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон устодон Барно Исҳоқова ва сониян, Боймуҳаммад Ниёзов ҳунаромӯзӣ кардааст. Ва ин заминаи ҳунаромӯзӣ имкон додааст, ки соли 1992 ӯро ба ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда-шашмақомхон ба кор қабул намоянд. То имрӯз, яъне наздики 35 сол Фурқат Саидзода дар ин ҷо фаъолияти эҷодӣ мебарад. Албатта, дар ин муддат ӯ роҳи мукаммалгардонидани сатҳи ҳунари сарояндагиро тай карда, бо паҳлуҳои гуногуни сарояндагӣ низ машҳур гардидааст. Ин дороӣ ӯро ба фаъолияти омӯзгорӣ дар ҷодаи мақомхонӣ овард. Бинобар ин, имрӯз Фурқат Саидзода дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов аз рӯи ин тахассус ҳамчун и.в.профессор фаъолияти омӯзгорӣ низ мебарад.

Табиист, ки сарояндагон ва навозандагон ба камолоти ҳунар расида, ба эҷоди мусиқӣ оғоз мекунанд. Фурқат Саидзода низ ба шуғли бастакорӣ тайи қариб бист сол таваҷҷуҳи хосса дода, асарҳо меофарад. Аз ин рӯ, соли 2018 ӯро ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул карданд.

Барои Ҷоизаи пурифтихори миллати тоҷик – Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фурқат Саидзода на ҳамчун сароянда, балки чун бастакор (оҳангсоз) пешниҳод гардидааст. Ва барои шиносоӣ бо фаъолияти бастакории Фурқат Саидзода ба комиссияи ифтихорманди ин Ҷоизаи давлатӣ расман маҷмуаи сурудҳо зери унвони «Сози ватандорӣ» пешкаш шудааст. Он 40 сурудро дар бар мегирад. Бо қарори Шӯрои илмии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ин маҷмуа барои чоп тавсия шудааст.

Муаллифи муқаддимаи маҷмуа Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам мебошад. Ин интихоб қабл аз ҳама аз пурарзиш будани асоси шеърии маҷмуа дарак медиҳад. Дар ҳақиқат сурудҳои маҷмуа ашъори ғановатмандеро дар бар гирифтааст, ки доираи он аз офаридаҳои шоирон-классикони форс-тоҷик то шоирони муосири Тоҷикистонро фарогир аст: Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ («Омад баҳори хуррам»), Ҷомӣ, Шоҳин ва Васлӣ («Баҳори хуррам»), Сайидо ва Ишқии Воруӣ («Сайри чаман»), Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ («Ҳаҷри ту»), Бозор Собир («Дар дили ман монд», «Дубора созамат, Ватан»), Лоиқ Шералӣ («Ватан»), Муҳаммад Ғоиб («Хуршеди фараҳ»), Камол Насрулло («Хоки Саразм», «Замини Тоҷикистон»), Муҳтарам Ҳотам («Мулки меҳр»), Рустам Ваҳҳобзода («Душанбе», «Бақои миллат», «Сарқонун», «Тоҷикӣ», «Бародарон», «Ватан»), Давлат Сафар («Таронаи Роғун»), Ӯлмас Ҷамол («Паёми дӯстӣ»), Исмоил Зарифӣ («Уфари Саразм»), Низом Қосим («Таронаи дӯстӣ», «Халқи наҷиб», «Кони нур»), Озарахш («Зан»), Исо Раҳим («Қисмат»), Ҳаким Гӯё («Меҳри Ватан»), Саидҷон Ҳакимзода («Наврӯз, биё!»), Шарифи Мисайзод («Номаҳо»), Шералӣ Шоҳонӣ («Овора»), Худодод Зайниддин, Алишер Муҳаммадӣ, Аҳлиддини Ҳисорӣ ва Шаҳрия («Ваҳдатошён»), Аҳлиддини Ҳисорӣ, Гурез Сафар, Маҳзун («Наврӯз мерасад боз»), Ниҳонӣ («Нози манӣ», «Рашки парӣ»), Мирзо Ҳасрат ва Ҷазбии Ҳисорӣ («Шӯхчашми нозанин»), Абдуллоҳи Раҳнамо («Ватан шавем»), Суруш («Мо аз диёри обҳо»), Давлати Раҳмониён («Сангари мо»), Гулшан Абдураҳмонова («Хуршеди тобон»). Дар ин китоб сурудҳо бар шеърҳои халқӣ низ ҷой доранд – «Мегузарад», «Эй, ёраки ҷон!».

Таҳлили мухтасари асарҳои маҷмуа эҷодиёти бастакории Фурқат Саидзодаро хеле равшан нишон медиҳад.

Суруди «Дар дили ман монд» бар ғазали олии шоири хушгуфтор Бозор Собир – ғазали мусиқавиест, ки ба тақлиди жанри суруди суннатии лирикии касбӣ навишта шудааст. Он дар суръати сусти Andante ҷараёни шаклсозии сурудро бо бандҳои суруди суннатӣ – сархат, нимавҷ, авҷ ва фаровард нишон медиҳад. Ба ҳар як банди композитсияи мусиқӣ як байти ғазал мутобиқ шудааст. Кулминатсияи оҳангии суруд ба байти зерини ғазал рост омадааст:

Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост,

Фарзанди падар дар паси дар, дар дили ман монд.

Банди авҷӣ бо регистри нисбатан баланд, ҷаҳиши васеи ибтидоии ҳарду мисраъоҳанг ва оҳангбандакҳои мобайнӣ таъкид карда шудааст. Он навъи кулминатсияи тадриҷӣ аст.

Суруд дорои даромади созӣ ва оҳангбандакҳои хурду калони мобайниву хотимавӣ аст. Чунин интихоби раванди композитсионӣ-драматургӣ табиати суруди лирикии суннатиро хуб инъикос менамояд.

Суруди «Душанбе» ба тарҷеъбанди Рустам Ваҳҳобзода дар зарби маршӣ эҷод карда шудааст. Аслан қисми аввали шеърро шоир дар жанри ғазал навиштааст. Вале бастакор бо истифодаи қисми дуюми он (баъди ҳар чаҳор мисраъ), онро дар композитсияи мусиқӣ ба услуби тарҷеъбанд талқин медиҳад. Бастакор аз зарби одии маршӣ хусусияти пунктириро нигаҳ дошта, хоссагиҳои дигарро ба таври худ пешниҳод мекунад ва дар натиҷа як суруди ҷолибро ба даст меоварад. Суруд сохтори дуқисмаи такрорӣ дорад. Ва ҳар қисм аз ду период иборат аст. Вале ҷойгиршавии регистрии периодҳои дуюм дар ҳарду қисм сурудро ба композитсияи динамикии рушди ягона табдил медиҳанд. Ба пайдо кардани хати драматургии ягона муқаддимаи созӣ ва интерлюдияи аҷии суруд низ мусоидат намудаанд.

Суруди «Зан» бар ғазали Озарахш композитсияи монодраматургӣ аст. Бастакор дар як оҳанг раванди сурудро – аз ибтидо бо фарогирии кода муҳайё месозад. Бо чунин ҳалли композитсионӣ бастакор шояд сайъ кардааст устувориву бовафогии занро таъкид бикунад. Новобаста ба такрори якчандбораи оҳанги асосӣ, дар ҷараёни композитсионӣ-драматургии асар хати рушди ягона ҳукмфармост. Дар минтақаи авҷӣ бастакор якбора майдони садоии сурудро аз ҳисоби регистри болоӣ фарох гардонида, байни мисраоҳангҳо оҳангбандаки созиро ҷой дода, иқтидори ифодаи нафаси дарозу озоди парвози хаёлоти занро пайдо кардааст. Ва ин бурди суруд аст.

Суруди «Қисмат» бар қитъаи Исо Раҳим дар жанри мусиқии ғазал навишта шудааст. Ин интихоби бастакорро аз мазмуни шеърӣ шояд мебояд дид. Сохтори композитсионӣ-драматургии асарро чунин шаклсозӣ намудааст, ки дар он монообраз ҳукмфармост. Он на танҳо дар хатҳои овозӣ, балки ба хатҳои созӣ, аз ҷумла, муқаддимаи созӣ, хати авҷии созӣ ворид гардида, постлюдияи суруд пурра дар асоси он сохта шудааст. Дар натиҷа ба бастакор муяссар гардидааст, ки тавъамии шеъру мусиқиро дар дараҷаи баланд бо истифодаи василаҳои одӣ ба даст оварад.

Суруд дар вазни ҳафтзарбаии уфари суст эҷод шуда бошад ҳам, бастакор бо иборасозии хеш жанри сурудро аз уфар дур месозад.

Суруди «Мегузарад» бар ғазали муаллифи номаълум аст. Ҷараёни шаклсозии суруд дар пайравии сурудҳои пандомезонаи касбии тоҷик ташаккул меёбад. Бастакор функсияҳои сарбанду нимавҷро якбора дар банди аввали композитсионӣ дароварда, ба банди сонии композитсионӣ рушду ривоҷи онро ғунҷонда, ибораоҳангҳои хати овозиро аз ибтидо фарох пешниҳод менамояд. Банди авҷии суруд боз ҳам фарохтар аст. Он ҳам ҳаҷман ва ҳам дар мантиқи драматургияи суруд таъкид шудааст. Оҳанги банди авҷӣ регистри сурудро бо садоҳои болоӣ ғанӣ гардонида, фаровардро дар ибораи такроршаванда месозад.

Суруди «Меҳри Ватан» бар рубоиёти Ҳаким Гӯё. Шеър мазмунан ватандӯстона аст. Вале ин меҳри як шахс аст ба Ватан, на омма. Аз ин рӯ бастакор дар навиштани оҳанг аз талқиноти маршиву васфӣ даст кашида, сурудро дар вазни шашзарбаӣ эҷод кардааст. Маълум аст, ки дар ин вазн дар мусиқии суннатӣ – уфар ва дар мусиқии аврупоиасос – валс, яъне дар ҳарду маворид жанрҳои рақсӣ навишта мешаванд. Вале бастакор Фурқат Саидзода талқиноти рақсиро ҳам напазируфта аст. Ӯ сурудро ҳамчун суруди равшанзамири инфиродии шахси ватандор пешниҳод намудааст.

Суруди «Наврӯз, биё!» ба рубоиёти мунсареъи Саидҷон Ҳакимзода навишта шудааст. Вазни ҳафтзарбаӣ дар зарби уфари суст омадааст. Суруд дар тоналности d-moll навишта шудааст. Он аз муқаддимаи созӣ, ки ду ҷумлаи мусиқиро дар бар гирифтааст, оғоз мегардад. Муқаддима бо регистри болоии хеш фарқкунанда аст. Муқаддимаи созӣ бо ибораи поёнраванда, ки феълан шакли дараҷоти поёнравандаи тоналности асосӣ аст, хотима меёбад. Суруд ҳамагӣ дар ҳафт банди оҳангӣ қарор гирифтааст.

Бастакор бандҳои овозӣ ва созиро баробарҳуқуқ истифода мебарад: муқаддимаи созӣ дар банди авҷӣ омада, шукуҳи идонаро меафзунад. Байни мисраоҳангҳои овозӣ нақши оҳангбандакҳои васлиро хеле фаъол нишон додааст. Унсури дигаре, ки бастакор фаровон истифода бурдааст, ба мисраоҳангҳои илова кардани ибораи изофа мебошад. Ҳамаи ин амалҳо огаҳонаанд, зеро ки ба характери идонаи ин суруди наврӯзӣ мусоидат менамоянд.

Суруди «Номаҳо» ба чаҳорпораи Шарифи Мисайзод дар вазни шашзарбаи эҷод шуда бошад ҳам, он зарби уфарӣ нест. Қолабзарби уфариро муаллиф ба таври набзӣ (ҳаштякиҳои беист) истифода бурдааст. Суруд жанри лирикиро дорад. Ба он характери илтиҷоӣ хос аст. Банди оҳангӣ чунон сохта шудааст, ки ибораи оҳангӣ бори аввал илтиҷо, бори дуюм – таъкид ва борҳои сеюму чаҳорум – талабро ифода менамояд. Ин мазмунро бастакор ба таври тадриҷан васеъ кардани майдони садоии ибораоҳангҳо (1), оҳангбандакҳои ҳамеша шиддатнокшаванда (2), офаридани банди авҷии фарох дар регистри болоӣ (3) дар ҳудуди баҳри навъи мусано ба даст овардааст. Барои расидан ба мақсад, муаллиф ба раванди суруд ҳатто ранги садоро ворид карда, дар банди баъдиавҷӣ (посткулминатсионӣ) як интерлюдияро ба сози гитор супоридааст. Ин нукта ба суруд хоссагии романсро низ медиҳад. Банди хотимавӣ чаҳор ибораоҳанги «шахшуда»-ро, ки дар як пастубаландии садо ҷойгиранд, дар бар гирифтааст. Ва ин рамзи ноумедист. Суруд бо сукутҳо анҷом ёфтааст. Ин суруд мутааллиқ ба жанри романс аст.

Суруди «Овора» ба тарҷеъбанди Шералӣ Шоҳонӣ дар жанри суруд-дуэти марду зан навишта шудааст. Дар талқини дуэт бастакор ҳам унсурҳои мусиқии академӣ ва ҳам унсурҳои мусиқии суннатиро корбарӣ намудааст. Дар асар бандҳои композитсионӣ дар пайиҳамии банавбат ва сипас, якҷоя суруда мешаванд. Баёни суруд яковоза ва дуовоза аст. Дуовозагӣ дар занҷираки терсияӣ қарор мегирад. Жанри суруд – суруди лирикист. Дар раванди асар асоси лаҳнӣ иваз мешавад. Дар он модулятсия аз тоналности d-moll ба тоналности es-moll ба амал меояд. Чунин амали тоналӣ баландшавии оҳангро муҳайё намуда, рафти оҳангиро пуризтиробтар мегардонад.

Дар суруд мавқеи порчаҳои созӣ фаъоланд.

Аз ҷиҳати асоси зарбӣ барои суруд бастакор вазни шашзарбаиро интихоб кардааст. Вале бори дигар дар эҷодиёти худ Фурқат Саидзода аз талқини суннатии он хеле дур рафтааст.

Суруди «Омад баҳори хуррам» бар ғазали Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ эҷод карда шудааст. Ин мадҳияи классикиро бастакор дар жанри аврупоасоси валси сабук талқин кардааст. Он дар тоналности минорӣ (a-moll) бошад ҳам, характери валси шодиро дорад. Оҳанги зебои суруд хеле равшану одӣ аст. Муқаддимаи созӣ ба занҷираки секвенсионӣ асос ёфтааст. Дар охир ин занҷирак дар шакли кутоҳ сурудро хотима медиҳад. Чунин пешниҳоди муаллиф аз абадӣ ва ба ҳар замон муносиб будани шеъри Рӯдакӣ бори дигар далолат медиҳад.

Суруди «Хоки Саразм» бар шеъри Камол Насрулло дар лаҳни қадими миксолидӣ навишта шудааст. Оҳанги он дар пайиҳамии дараҷаӣ сохта шуда, низ хусусияти мусиқии қадимро дорад. Суруд дуқисма аст. Қисми аввали он (Molto rubato) дар жанри озоди шаҳдӣ сохта шуда, ба ду байти шеър мутобиқ шудааст. Мазмунан он муроҷиат бар ин макони муқаддаси таърихист. Вале новобаста ба ин, оҳанги он ҳам дараҷавист. Оҳанги он ибораҳои алоҳида-алоҳидаро дар бар гирифтааст. Хотимаи ҳар як бо фермата қайд шудааст. Чунин талқин нигоҳи касро ба қаъри асрҳо гӯё равона сохта, ӯро ба андешаҳои чуқур ғарқ менамояд. Қисми дуюми суруд (Allegretto) дар вазни шашзарбаӣ бо истифодаи зарби синкопӣ хосса баромадааст. Композитсияи он дар умум суннатӣ аст. Тибқи ин интихоб он дорои бандҳои сархат, нимавҷ, авҷ ва фаровард аст, ҳарчанде суруд ҳаҷман бузург нест.

Суруди «Хуршеди фараҳ» бар ғазали Муҳаммад Ғоиб дар суръати сусти Andante дар сохтори композитсионии дуқисма навишта шудааст. Вазни чаҳорзарбаӣ бо зарби ба нутқи забони тоҷикӣ хеле наздик пешниҳод гардида, ҳар як ибораи он ба оҳанги зебои забони модарӣ мутобиқ карда шудааст. Бо чунин фаҳмиши шеър мусиқӣ иқтидор пайдо кардааст, мазмуну моҳияти ҳар як сухани шоирро равшан ифода намояд. Банди авҷии суруд мантиқи композитсионии онро мукаммал мегардонад.

Маҳз дар банди авҷӣ моҳияти асосии шеъри шоирро бастакор таъкид менамояд:

Эй роҳбари дилсӯз, мо васфи туро имрӯз,

Хонем зи сад девон, хонем зи сад эҷод.

Муқаддимаи суруд дар занҷираки секвенсионӣ сохта шудааст. Муқаддима ба оҳанги суруд тазод нест, вале такрори он ҳам нест. Он дар тӯли суруд ду бор (бори дуюм ба ҳайси интерлюдия) омада, бо ранги лаҳниву баёни поёнраванда оҳанги асосии сурудро пурратар мегардонад. Суруд дорои кода низ мебошад. Он дар як мисраоҳанги банди авҷӣ асос ёфта, дар регистри болоӣ сурудро хотима медиҳад.

Суруди «Ҳаҷри ту» бар ғазали Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ ба зарби равонаи анъанаи фалаки кӯлобӣ эҷод шудааст. Он дар услуби ғазалхонӣ қарор мегирад ва жанри мусиқии асар ҳам ғазал аст. Тарзи оҳангбандӣ дар он тақлид ба фалакҳои зарбии кӯлобӣ аст. Сохтори асар ҳамаи бандҳои асосии композитсияи суннатиро дар бар мегирад. Дар он бандҳои созӣ бо функсияҳои мушаххаси композитсионӣ ба ҳайси муқаддимаи созӣ, интерлюдия ва мисраоҳанги хотимавӣ истифода бурда шуда, ҳар кадом бо гиреҳбандаки аслпарда хотима меёбад.

Суруди «Эй, ёраки ҷон» бар рубоии халқӣ дар жанри рубоии мусиқӣ эҷод шудааст. Матни рубоии шеъриро асос гирифта, бо иловаи мисраоҳанги панҷум, банди композитсионии онро васеъ гардонида, муқаддимаи созиро дар мобайн ҳамчун интерлюдия истифода бурда, авҷро дар аввали банди дуюм ҷойгир карда, бастакор рубоиро ба композитсияи ягона табдил додааст. Илова бар ин, муаллиф зери вазни шашзарбаӣ зарби валсиро гузошта, онро ба суруди валсӣ табдил додааст.

Суруди «Бақои миллат» бар шеъри Рустам Ваҳҳобзода дар жанри суруди маршӣ барои ансамбли омехтаи дуовоза навишта шудааст. Вале ин дуовозагӣ танҳо дар банди авҷӣ ва хотима истифода бурда мешавад. Бастакор шеъри шоирро ба таври овардаи ӯ истифода намебарад. Моҳияти мазмунии сурудро ӯ ба ибораи «Чист миллат?» оварда, сохтори композитсионии онро куплетӣ ҳал намудааст.

Суруди «Ватан» бар таркиббанди Лоиқ дар жанри суруди маршӣ барои ансамбли омехта эҷод шудааст. Дар он даромади созӣ, оҳангбандакҳои васлӣ ва интерлюдия хеле фаровон истифода бурда шудаанд.

Суруди «Замини Тоҷикистон» бар шеъри Камол Насрулло барои ансамбли омехта дар жанри суруди шаҳрвандӣ навишта шудааст. Дар он даромади созӣ ва интерлюдияҳои дуовоза ҷо доранд. Дар оҳанг василаи секвенсионӣ ҳамчун яке аз асосиҳо истифода бурда шудааст.

Суруди «Кони нур» бар ғазали Низом Қосим барои ансамбли омехтаи дуовоза дар жанри суруди шаҳрвандӣ эҷод шудааст.

Шеъри «Сарқонун»-и Рустам Ваҳҳобзода дар жанри ғазал навишта шудааст. Вале жанри мусиқавии он суруди яккаи шаҳрвандӣ аст. Дар он рушди секвенсионӣ афзалият дорад.

Суруди «Таронаи Роғун» бар шеъри (чаҳорпора) Давлат Сафар дар жанри мадҳиявӣ бар васфи Роғун барои ансамбли омехтаи дуовоза эҷод шудааст.

Суруди «Тоҷикӣ» бар ғазали Рустам Ваҳҳобзода дар жанри мусиқии ғазал барои ансамбли дуовоза навишта шудааст.

Суруди «Уфари Саразм» бар ғазали Исмоил Зарифӣ дар жанри уфари тез эҷод шудааст. Дар он ҳаракати дараҷаии оҳанг, зарби оҳанг, услуби шаклсозӣ дар пайравии уфарҳои Шашмақом қарор мегиранд.

«Баҳори хуррам» бар ғазалҳои Ҷомӣ, Шоҳин ва Васлӣ дар жанри уфар омадаанд. Дар як асар се уфарро пайиҳам оварда, муаллиф ба он хусусияти сюитаи рақсии сеқисмаро додааст. Усули уфар зери ҳар як қисм аст. Дар рафти ин асари таркибӣ тамоюли тезшавии суръат мушоҳида мешавад. Интихоби ғазал ба ҳайси матни шеърӣ низ тақлид ба уфарҳои Шашмақом аст. Аз ин лиҳоз ин асарро ҳамчун сюита дар ғазалхонӣ муайян кардан равост.

Сюитаи «Ваҳдатошён» бар қитъаву рубоиёти чаҳор шоирони муосир Худодод Зайниддин, Алишери Муҳаммадӣ, Аҳлиддини Ҳисорӣ ва Шаҳрия пайравӣ ба жанри мусиқавии рубоихонӣ аст. Ин асар дар пайравии таронахонии Шашмақом қарор гирифтааст. Ҳамагӣ даҳ қитъаву рубоӣ пайиҳам дар суръатҳои гуногун ба навбат суруда мешаванд. Раванди рубоихонӣ (таронахонӣ) чунин қарор мегирад, ки аз шаҳдхонӣ оғоз гардида, сипас, тезшавии суръат то ба анҷом расидани он ҷо дорад.

Сюитаи «Мулки меҳр» бар ашъори Муҳтарам Ҳотам аз тарафи худи бастакор ҳамчун «сюита» муайян карда шудааст. Он сеқисма аст. Дар он зарбҳои уфарӣ истифода бурда шудаанд. Сюита дар анъанаҳои мусиқии суннатӣ аст.

Сюитаи «Наврӯз мерасад боз» бар шеърҳо (рубоиву ғазалу чаҳорпора)-и шоирони муосир Аҳлиддини Ҳисорӣ, Маҳзун ва Гурез Сафар аст. Ин сюитаи наврӯзӣ низ зери худ усули уфариро доро аст ва раванди сюита дар услуби тезшавии суръат қарор гирифтааст. Ҷумлаи охирини сюита дуовоза баён мешавад.

Сюитаи «Нози манӣ» дар ғазалҳои Ниҳонӣ асос ёфтааст. Он низ уфарӣ аст.

Сюитаи «Паёми дӯстӣ» бар шеърҳои халқ ва Улмас Ҷамол дар услуби рехта (забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), сеқисма дар жанри сюитаи рақсӣ қарор дорад.

Сюитаи «Рашки парӣ» бар шеърҳои Ниҳонӣ дар жанри сюитаи рақсии чаҳорқисма қарор дорад.

Сюитаи «Сайри чаман» бар ғазалҳо ва як фарди Сайидо ва Ишқии Воруӣ навишта шудааст. Он силсилаи сеқисма аст. Он дар услуби тезшавии суръат сохта шудааст.

Суруди «Таронаи дӯстӣ» бар ашъори Низом Қосим бо услуби рехта (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) феълан сюитаи чаҳорқисмаи дузабона мебошад. Дар услуби суннатӣ эҷод шудааст

Суруди «Халқи наҷиб» феълан дар жанри мавригӣ навишта шудааст. Дар он порчаҳои созӣ ва овозӣ баробарҳуқуқанд. Усули уфар асоси ин композитсияи панҷқисма аст. Он дар шаклу суръати гуногун композитсияи силсилавиро ташкил кардааст.

Дар асоси рубоиёти Мирзо Ҳасрат ва Ҷазбии Ҳисорӣ бастакор зери унвони «Шӯхчашми нозанин» сюитаи панҷқисма эҷод кардааст.

Суруди «Бародарон» бар ғазали Рустам Ваҳҳобзода суруди хорӣ аст.

Суруди «Ватан шавем» бар шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо суруди хорӣ аст. Дуовоза унисонӣ сар мешавад ва чаҳоровоза табдил меёбад.

Суруди «Ватан» бар шеъри Рустам Ваҳҳобзода суруд барои тенор ва хори омехта эҷод шудааст.

Суруди «Дубора созамат, Ватан» ба дубайтиҳои Бозор Собир суруди хорӣ мебошад.

Суруди «Мо аз диёри обҳо» бар ғазали Суруш суруди хории маршӣ аст.

Суруди «Сангари мо» бар рубоиёти Давлати Раҳмониён дар жанри суруди хорӣ пешниҳод гардидааст.

Суруди «Хуршеди тобон» ба шеъри (чаҳорпора)-и Гулшан Абдураҳмонова дар жанри валс эҷод шудааст

Ҳамин тариқ, дар маҷмуаи таҳлилӣ бастакор Фурқат Саилзода жанрҳои шеърии қитъа, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, фард, чаҳорпора, таркиббанд, тарҷеъбанд аз ашъори шоирони классик ва муосир истифода бурда, бар онҳо дар жанрҳои мусиқии ғазал, рубоӣ, сюитаи сеқисма, сюитаи чаҳорқисма, сюитаи панҷқисма, суруд барои ансамбл, валс, валси шодӣ, уфар, суруди лирикӣ, суруди шаҳрвандӣ, суруди маршӣ, суруд-дуэт, романс, таронахонии Шашмақом, уфари Шашмақом, мавригӣ, фалаки равона, шаҳд, суруд-дуэт, уфари суст, уфари тез, суруди ватанпарастӣ, суруди хорӣ, хории маршӣ, суруд барои яккахон ва хорро пешниҳод кардааст.

Ба хусусиятҳои услубии бастакор онро мансуб донистан равост, ки бештар ба лаҳни минорӣ рӯ меоварад (1), ҳарчанде вазнҳои шашзарбаиро истифода барад ҳам, онҳоро на дар зарби уфарӣ, балки ба таври худ пешниҳод менамояд (2), доираи васеи жанриро фаро мегирад (3), дар мазмуни сурудҳо хати мазмунии ватандӯстӣ ҳамеша ҷо дорад (4), ба жанрҳои шеърии гуногун мусиқӣ эҷод мекунад (5), бештар композитсияҳои рушди ягонаро мепазирад (6). Аз сурудҳои таҳлилӣ айён мегардад, ки доираи фаҳмиши шеърии бастакор хеле васеъ аст. Хусусияти дигари услуби эҷоди Фурқат Саидзода истифодаи ҳамҷояи ашъори шоирони гуногун дар як асари мусиқӣ аст. Дар ин маврид ӯ мекӯшад, ки доираи мазмунии шеърҳо ба якдигар наздик бошанд.

Дар композитсияҳои мусиқӣ бастакор василаҳои секвенсионӣ, муназзамии рушди драматургӣ, василаи ранги овоз (садо), тобишҳои оҳангии инфиродӣ, асоси лаҳнӣ ва зарбии хоссаро корбарӣ намуда, симои сурудҳои худро ғановатманд мегардонад.

Хулоса, фаъолияти бастакории Фурқат Саидзода дар набзи замони муосир қарор мегирад. Дар ҷустуҷуҳои эҷодӣ ӯ як равияро пайгирӣ наменамояд. Вале ҳамеша мекӯшад, ки сатҳи касбӣ муҳайё гардад.

Барои ин бастакори болаёқат зафарҳои эҷодии зиёдро хоҳонем.

Фароғат Азизӣ,
профессор