Идомаи тантанаҳои Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон
Имрӯз 01.09.2025 – Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов тантанаҳои Рӯзи дониш ва баргузории анъанавии дарси сулҳ бо руҳияи идона ва шукӯҳи хос идома ёфта истодааст.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндаи Дастгоҳти иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли илму фарҳанг, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ба ҳайси меҳмонони фахрӣ Фаридун Бобозода – муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлат Сафар – муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Нахуст, ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ Давлатзода Баҳодур Давлат ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки Рӯзи дониш на танҳо оғози таҳсил, балки оғози марҳалаи тозаи худшиносии миллӣ барои ҷавонони кишвар мебошад.
Минбаъд меҳмонон – муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар бо суханони пурмазмун баромад намуда, аҳаммияти сулҳу суботи миллӣ, ваҳдат ва дӯстии халқҳоро барои рушди илму фарҳанг ва пешрафти ҷомеа ёдовар шуданд. Хусусан, Фаридун Бобозода дар суханронии худ арзиши сулҳро ҳамчун омили асосии пешравӣ зикр намуда, донишҷӯёнро ба омӯхтани амиқи илм, ҳунар ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ҳидоят кард.
Муовини вазири фарҳанг Давлат Сафар низ бо табрикоти самимӣ баромад намуда, нақши Консерваторияро дар таҳкими ҳувияти фарҳангии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони ҷавони соҳаи мусиқӣ баланд арзёбӣ кард. Ӯ илова намуд, ки ҷавонон бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда, рисолати бузурги фарҳангпарварӣ ва ватандӯстиро ба дӯш гиранд.