Консерти синфии омӯзгорони кафедраи мутрибони анъанавӣ
Санаи 28-уми апрели соли 2026, соати 15:00 дар толори хурди Консерваторияи миллӣ консерти синфии омӯзгорони кафедраи мутрибони анъанавӣ Муҳаммад Зиёзода, Алишер Раҳмонов ва Муқаддир Амиров баргузор шуд.
Дар он дар иҷрои донишҷӯён Нурализода Ёқуб, Шарипов Фарҳод, Ҳабибов Ҳасан, Орзу Шарипов, Муҳаммад Ёров 8 навои дилнишини консертӣ, ба мисли “Ёди ҷавонӣ, оҳанги Ҳасан Собиров, “Чобуксавор”, оҳанги Замон Бозор, “Сайри Бухоро”, оҳанги Абдураҳмон Матхолов, “Диловез”, оҳанги Муборакшоҳ Ҷумъаев, “Кӯҳистонӣ”, оҳанги Қорӣ Неъматулло, “ Навои Хатлон”, оҳанги Алишер Раҳмонов, “Гулзор”, оҳанги Алишер Раҳмонов, “Саричашма”, оҳанги халқӣ бо маҳорати баланд иҷро карда шуд ва мавриди пазироии гарму ҷӯшони тамошобинон қарор гирифт.
