Идомаи имтиҳоноти аттестатсияи хатм
Имрӯз, 19.05.22026 ба идомаи баргузории имтиҳоноти аттестатсияи хатмм соати 9 дар Толори хурди Консерваторияи миллӣ имтиҳоноти аттестатсияи хатмкунандагони шакли фосилавии таҳсил дар факултети мусиқии суннатии тоҷик, ихтисоси мутрибони анъанавӣ доир гардид. Дар он 12 нафар донишҷӯён имтиҳоноти аттестстсияи хатмро аз фанни ихтисос зери роҳбарии устодони соҳибтаҷриба и.в. дотсент Матхолов А.Д., омӯзгори калон Сайдалиев С., омӯзгорон Узоқов М. ва Раҳмонов А. бомуваффақият супориданд.
Ба идомаи баргузории аттестатсияи хатм, дар ҳамин рӯз дар Толори калони Консерваторияи миллӣ 5 нафар хатмкунандагони ихтисоси созҳои оркестри халқии шакли рӯзона ва 2 нафар шакли фосилавии таълим имтиҳоноти ихтисосро зери роҳбарии устодон - и.в. дотсент Маҳмудӣ А.Д., и.в. дотсент Матхолов А.Д. ва омӯзгор Саидов С., ҳамчунин хатмкунандаи ихтисоси сарояндагии академӣ Суванова Сабрина имтиҳони аттестатсияи хатмро аз фанни ихтисос зери роҳбарии омӯзгори калон Исоева Мунзифа муваффақона супориданд, ки ин аз шароити хуби омодасозии мутахассисони ояндаи санъати мусиқии тоҷик дар Консерваторияи миллӣ гувоҳӣ медиҳад
