Семинари машваратии КОА дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов имрӯз, 25-уми майи соли 2026 бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони самти илми Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон семинари машваратӣ оид ба такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш ректори Консерваторияи миллӣ номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Баҳодур Давлатзода ба кори семинар хайрамақдам гуфта, аз аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳо барои муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, бахусус муассисаҳои соҳаи санъат ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки шурои муштараки диссертатсионии назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи КОА ба роҳ мондааст. Айни замон се нафар довталаб ҳуҷҷатҳои худро дар сомонаи расмӣ ҷойгир намуда, тибқи нақша ҳимояи рисолаҳои илмии онҳо дар моҳҳои июн ва июли соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Таъкид карда шуд, ки чунин нишондиҳандаҳо аз фаъол гардидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таваҷҷуҳи муҳаққиқони ҷавон ба рушди илмҳои санъатшиносӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар идома намояндаи КОА — мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ, номзади илмҳои филологӣ Ҳокимхон Вализода доир ба масъалаҳои танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, такмили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва риояи меъёрҳои илмӣ суханронӣ намуд.
Дар қисмати музокира доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Бахтиёр Одиназода ва муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Консерваторияи миллӣ Шарифзода Лутфулло суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти ҳамкориҳои муассир бо КОА, таҳкими фаъолияти илмӣ ва рушди таҳқиқоти санъатшиносӣ андешаронӣ карданд.
Ҳамчунин, дар доираи семинар дипломи унвони илмии дотсентӣ ба устоди Консерваторияи миллӣ, Назриев Исмоил Абдуллоевич супорида шуд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба иштирокдорони семинар барои фаъолияти пурсамар ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда бо Комиссияи олии аттестатсионӣ изҳори сипос баён гардид.
