Узви нави иттифоқи композиторони Тоҷикистон
Бо камоли ифтихор ва хушнудӣ ҳайати эҷодии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов декани факултети мусиқии суннатии тоҷик Манучеҳр Бурҳоновро ба муносибати пазируфта шудан ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон самимона табрику шодбош мегӯяд! Ин рӯйдоди фараҳбахш эътирофи шоистаи фаъолияти пурсамар, истеъдоди эҷодӣ ва саҳми арзишманди Шумо ҳамчун оҳангсози суннатӣ (мелодист) дар рушди санъати мусиқии миллӣ мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо тансиҳативу саодатмандӣ, илҳоми тоза ва комёбиҳои боз ҳам бештарро дар фаъолияти эҷодиву омӯзгорӣ орзу намуда, умед дорем, ки минбаъд низ бо офаридани оҳангҳои дилнишину асарҳои арзишманд дар ғанӣ гардидани ганҷинаи мусиқии тоҷик саҳми шоиста хоҳед гузошт!
Узвият муборак бошад!
