Барномаи рангини консертӣ дар доираи чорабиниҳои идона ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлати

Posted Sat, 05/09/2026 - 20:05
By admin
Барномаи рангини консертӣ

Шоми 5 сентябри соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии Куруши Кабир дар доираи чорабиниҳои идона ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов барномаи рангини консертӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур тибқи тартиби баргузории барномаҳои идонаи консертӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе, ки 3 августи соли 2026 аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ гардидааст, баргузор шуд.

Дар барномаи консертӣ омӯзгорону донишҷӯёни факултети мусиқии сунатии тоҷик ва санъати мусиқии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов иштирок намуда, бо иҷрои суруду таронаҳои миллӣ, асарҳои мусиқии ватандӯстона ва намунаҳои мусиқии эстрадӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.