Идомаи XX-умин Бозиҳои Делфӣ дар Консерваторияи миллӣ ва ҷамъбасти номинаи «Созҳои халқӣ»
Дар доираи XX-умин Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе идома доранд, имрӯз, 8 октябри соли 2026, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов даври ҷамъбастии озмун дар номинаи «Созҳои халқӣ» баргузор гардид.
Дар марҳилаи ниҳоии озмун намояндагони кишварҳои аъзои ИДМ маҳорати касбӣ ва истеъдоди эҷодии худро ба ҳайати ҳакамони байналмилалӣ пешниҳод намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои сазовор рақобати эҷодӣ намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои озмун дар гурӯҳи синнии 14–17-сола чунин муайян гардид:
Ҷойи аввал – Сангов Яздон, Тоҷикистон;
Ҷойи дуюм – Ахмет Нурпейис, Қазоқистон;
Ҷойи сеюм – Исмоилов Элёрбек, Ӯзбекистон.
Ҳамчунин, барои маҳорати баланди касбӣ иштирокчиёни дигар бо дипломҳои махсус қадрдонӣ гардиданд:
«Сатҳи иҷрои бадеӣ» – Шарипов Насим, Тоҷикистон;
«Маҳорати техникӣ» – Анорбоев Абдулазиз, Ӯзбекистон;
«Маҳорати хусусиятҳои услубӣ» – Исаев Эралӣ Кил, Қазоқистон.
Дар гурӯҳи синнии 17–25-сола натиҷаҳои озмун чунин ҷамъбаст гардиданд:
Ҷойи аввал – Абдурахмонова Мохларойим Уктамжон қизи, Ӯзбекистон;
Ҷойи дуюм – Мелкова Татьяна Сергеевна, Россия;
Ҷойи сеюм – Аломудинова Аниса Холмамадовна, Тоҷикистон.
Дар ин гурӯҳи синнӣ низ иштирокчиёни беҳтарин бо дипломҳои махсус сарфароз гардиданд:
«Сатҳи иҷрои бадеӣ» – Муъминов Ҷонибек, Тоҷикистон;
«Маҳорати техникӣ» – Бекмуродов Эрпулат Сафаралиевич, Ӯзбекистон;
«Маҳорати хусусиятҳои услубӣ» – Канафина Кемила Кыл, Қазоқистон.
Қобили зикр аст, ки дар байни ғолибон ва ҷоизадорони озмун намояндагони Тоҷикистон низ бо маҳорати баланди касбӣ баромад намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, ба даст овардани ҷойҳои аввал ва сеюм дар гурӯҳҳои синнии гуногун ва гирифтани дипломҳои махсус аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон нишонаи иштироки фаъол ва сатҳи баланди омодагии ҳунармандони ҷавони кишвар мебошад.
Ҷамъбасти озмун дар номинаи «Созҳои халқӣ» яке аз марҳилаҳои муҳими XX-умин Бозиҳои Делфӣ ба ҳисоб рафта, барои муаррифии санъати мусиқии миллӣ, ҳифзу рушди анъанаҳои иҷроӣ ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ заминаи муҳим фароҳам овард.
