Сипосномаи сафири Ҷопон ба Консерваторияи миллӣ

Posted Mon, 26/10/2026 - 16:10
By admin
Сипосномаи сафири Ҷопон

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута ба ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат, барои дастгирӣ ва ҳамкории судманд дар баргузории консерти дӯстии Тоҷикистону Ҷопон ва дарси маҳорат барои донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ изҳори сипос намуд.

Дар номаи сипос аз сатҳи баланди баргузории чорабиниҳо, касбияти ҳайати Консерватория ва саҳми онҳо дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии ду кишвар ёдовар шуда, ҳамзамон ба бахши илм ва робитаҳои байналмилалии Консерваторияи миллӣ, хоса ба сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Саидзода Рамзия ва саҳми арзандаи онҳо дар омодасозӣ ва баргузории чорабиниҳо изҳори миннатдорӣ шудааст. Сафири Ҷопон изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҷопон дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.

Роҳбарияти Консерваторияи миллӣ дар оянда низ омодаи густариши ҳамкориҳои судманд бо Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рушди робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷрибаи ҳунарӣ ва баргузории барномаҳои муштараки таълимию эҷодиро дар таҳкими дӯстӣ ва робитаи дӯстонаи халқҳои Тоҷикистону Ҷопон арзёбӣ менамояд.

Сипосномаи сафири Ҷопон