Ҷашни ҳунар дар Консерваторияи миллӣ

Posted Wed, 01/14/2026 - 08:53
By admin
консерти синфи

13 январи соли 2026 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти синфии иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ Нусрат Исломов баргузор гардид. Чорабинӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, фазои идона ва фарҳангиро фаро гирифт.

Ҷашни ҳунар дар Консерваторияи миллӣ

Дар ҷараёни консерт донишҷӯён ва шунавандагони курсҳои омӯзишӣ бо иҷрои асарҳои гуногуни ватанию хориҷӣ ҳунари худро ба намоиш гузоштанд. Сурудҳои саршор аз муҳаббат ба Ватан, арзишҳои инсонӣ ва эҳсоси баланди бадеӣ аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол ёфтанд.

Дар фарҷом, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, и.в. профессор Давлатзода Баҳодур Давлат суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҷавонон бояд аз шароити фароҳамовардаи даврони Истиқлоли давлатӣ баҳра гирифта, баҳри шукуфоии фарҳанги миллӣ, рушди мусиқии касбӣ саҳмгузор бошанд. Инчунин, дар суханронӣ зикр гардид, ки минбаъд низ барои дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани чорабиниҳои муҳимми фарҳангию эҷодӣ, аз ҷумла консертҳои синфӣ талошҳои бемайлон ба харҷ дода шаванд.

Консерти мазкур бори дигар нишон дод, ки насли ҷавони ҳунармандон бо такя ба мактаби касбӣ ва роҳнамоии устодон метавонанд анъанаҳои беҳтарини санъати мусиқиро идома бахшанд.

Гузориши Некрӯз Баҳромов