Дарси маҳорат
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳо имрӯз ба Консерватория ректори муассисаи мазкур, доктори илмҳои санъатшиносӣ Рыжинский Александр Сергеевич бо ҳамроҳии устодон Морозов Денис Игоревич (хормейстер) ва Алексей Николаевич Вакер (консертмейстер) ташриф оварданд.
Дар рафти ин сафар дарси маҳорати устодон бо хорсароёни Консерватория баргузор гашт. Устодон ба хори донишҷӯён ва корҳои дар ин самт анҷомнамудаи хормейстери Консерватория Давлатов Бахтовар баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хор якчанд маслиҳатҳои методӣ пешниҳод намуда, таъкид доштанд, ки барои ҳамкориҳои эҷодӣ ҳамеша омодаанд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки чунин ҳамкориҳо дар рушди санъати мусиқии касбӣ мусоидат хоҳад кард.