Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Мутриб»-и ҲХДТ
Имрӯз дар Конфронстолори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Мутриб» баргузор гардид. Дар ин маҷлис 6 масъала, аз ҷумла ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои соли минбаъда, интихоби аъзои раёсати ташкилоти ибтидоии «Мутриб», интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби комиссияҳои кор бо ҷавонону занон, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ташкилот ва интихоби вакилон ба конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ гардид.
Дар ин маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насим, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Содиқиён Умед ва сарпарасти ташкилоти ибтидоии “Мутриб” Давлатова Манзура иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ибтидо,ректори Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Достизода Миралӣ ба меҳмонон ҷиҳати иштирок дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Мутриб» изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки ташкилоти ибтидоии «Мутриб» дар ин муддат фаъолияти худро дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, барои амалисозии барнома ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов кӯшиш менамояд ва дар оянда низ ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ мемонад.
Дар фарҷом ба аъзоёни фаъол аз ҷониби намояндагони ҲХДТ сипоснома тақдим гардида, ба якчанд нафар кормандон, ки мавқеи сиёсии худро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.