Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тармими созҳои миллии мусиқӣ озмоишгоҳи омӯзишӣ таъсис дода шуд
21 сентябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов озмоишгоҳи омӯзишӣ ҷиҳати таҳқиқ, таъмир ва тармими созҳои миллии мусиқӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, кормандони раёсати муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат, профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳадаф аз таъсиси озмоишгоҳ — омӯзиш, таҳқиқ, таъмир, таҷдид ва ба талаботи замони муосир мувофиқ намудани созҳои миллии миллати тоҷик мебошад.
Таъкид гардид, ки ҷалби муҳаққиқон ва устоҳои бомаҳорати созҳои халқӣ имкон медиҳад, ки асбоби мусиқии дар тӯли таърихи бисёрасра ташаккулёфта дар заминаи технологияҳои муосир тарҳу садои нав пайдо намуда, дар шакли якканавозӣ, ансамблӣ ва оркестрӣ дар мамлакат мавриди истифода қарор дода шаванд.
Вазири фарҳанг бо синфхонаи лингофонии муҷаҳҳаз бо технологияҳои навин, ки бо дастгирии Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» таъсис дода шуд, китобхонаи муассиса, дарсҳои таълимии оркестри симфонии донишҷӯён ва хори донишҷӯёни Консерватория, инчунин Консепсияи барномаҳои ҳунарӣ бахшида ба 20-солагии Консерватория шинос гардид.