Консерти ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябри соли 2026, дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти ҷашнӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Консерватория, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат оғоз гардида, мавсуф ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар самти рушди фарҳанг ва санъати миллӣ ибрози андеша намуд.
Дар идомаи чорабинӣ ректори муассиса дар фазои тантанавӣ ба се нафар донишҷӯи Консерватория — Раҷабов Муҳаммадҷон, Муҳиддинова Сарвиноз ва Масаидов Обидҷон, ки дар 12-умин Озмун-фестивали байналмилалии эҷодиёти мусиқӣ ва бадеии «Ситораи ман» сазовори Шоҳҷоиза гардидаанд, ҷоизаҳои онҳоро тақдим намуд.
Ҳамзамон, ба омӯзгороне, ки аз 2 то 16 ноябри соли 2026 дар факултети такмили ихтисоси Консерватория давраи омӯзишии такмили ихтисосро бомуваффақият хатм намуданд, шаҳодатномаҳои расмии такмили ихтисос супорида шуданд.
Қисмати ҳунарии чорабинӣ бо иштироки донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони Консерватория баргузор гардида, дар он асарҳои композиторони ватаниву хориҷӣ, сурудҳои ватандӯстона ва оҳангҳои халқӣ пешкаши ҳозирин шуданд. Аз ҷумла, асарҳои «Гулсуман (фантазия)»-и Ч. Обидпур, «Сулҳи мо ливо дорад»-и А. Мӯсоев, «Тарантелла»-и В. Гаврилин, «Навои най»-и С. Саидов, «Истиқлол табрик»-и М. Меликов ва «Славянская тарантелла»-и А. Даргомижский садо доданд. Инчунин, донишҷӯёни кафедраи сарояндагии анъанавӣ бо иҷрои оҳангҳои халқӣ барномаи консертиро ғанӣ гардониданд.
Чорабинии ҷашнӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, бо қадршиносии дастовардҳои донишҷӯён, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва муаррифии ҳунару истеъдоди насли ҷавони санъат аҳаммияти хосса касб намуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ва рушди фарҳангу санъати миллӣ нақши муҳим дорад.
