Ғолибияти донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар олимпиадаи забони русӣ миёни донишҷӯёни МТОК-и шаҳри Душанбе

Posted Sat, 12/20/2025 - 19:01
By admin
Ғолибияти донишҷӯё

Имрӯз, 20.12.2025 дар Маркази русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон - Россия» Олимпиадаи шаҳрӣ аз фанни забони русӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ донишҷӯёни беҳтарин аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе иштирок намуда, маҳорати забондонии худро дар самтҳои грамматика, лексика ва нутқи эҷодӣ санҷиданд.

Дар олимпиада донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ Иброҳимзода Сарвиноз - донишҷӯи курси дуюми факултети иҷрокунандагӣ сазовори ҷойи 1-ум ва Каримов Муҳаммад - донишҷӯи курси якуми факултети санъати мусиқии эстрадӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни мазкур бо роҳбарии омӯзгори кафедраи забонҳо Аҳророва З.С. дар олимпиада иштирок карданд.